ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ
Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии амалиёт ва таҳкими шарикӣ капитан Сорен, мутахассиси ширкати “Boeing” аз ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дидан намуд.
***
Дар фурудгоҳи Харбин Тайпин терминали нави байналмилалӣ ба истифода дода шуд, ки шакли зарраи барфмонанд дорад.
***
11-уми июли соли 2024 дар Иркутск байни роҳбарияти ширкати ҳавопаймоии “ИрАэро” ва ҳайати музофоти Хэйлунтзян (Ҷумҳурии Мардумии Чин) оид ба зиёд намудани ҳаракати ҳавоӣ байни кишварҳо гуфтушунид баргузор гардид. Ба ҳайати гурӯҳи корӣ намояндагони мақомоти давлатӣ ва тиҷорати сайёҳии ин минтақаи Ҷумҳурии Мардумии Чин шомил буданд.
***
Россия ва Малайзия музокирот оид ба лағви раводиди сайёҳиро идома медиҳад. Қайд гардид, ки сайёҳон аз Федератсияи Россия аллакай имкон доранд, ки ба Малайзия то 30 рӯз бидуни раводид сафар намоянд.
***
Аз 27-уми октябри соли ҷорӣ тибқи ҷадвали зимистона ширкати “Etihad” шумораи парвозро байни Абу-Даби ва Москва аз 7 адад то 12 адад дар як ҳафта афзоиш медиҳад.
***
Дар ояндаи наздик дар Тошканд комплекси марказии идораи харакати хавоӣ сохта мешавад. Ҳамзамон сохтмони чунин манора дар фурудгоҳҳои Андиҷон ва Намангон низ дар назар аст.
***
16-уми июли соли ҷорӣ ширкати “Shirak Avia” парвозро аз Ереван (Арманистон) ба фурудгоҳи Оренбург барқарор менамояд.
***
Бахшида ба Рӯзи роҳбаладон, ки 12-уми июл ҷашн гирифта мешавад, Фурудгоҳи Домодедовои Москва дар сомонаи расмии худ намоишгоҳи махсус оид ба либоси роҳбаладонро ҷорӣ намуд. Он таърих, тарҳ ва рамзи либосҳои онҳоро шарҳ медиҳад. Дар галерея аксҳои роҳбаладони ширкатҳои ҳавопаймоии “Emirates”, “Air Arabia”, “S7”, “Ural Airlines”, “NordStar”, “Yamal” пешкаш карда шудааст.
***
Дар фурудгоҳи шаҳри Гдиня дар шимоли Лаҳистон ҳавопаймои омӯзишии M-346 Bielik суқут намуд.
***
Кумитаи байнидавлатии авиатсия (МАК) иттилоъ дод, ки дар нимаи аввали соли 2024 шумораи суқути ҳавопаймоҳо ва ҳалокшудагон коҳиш ёфт.
***
Ҳавопаймои “Superjet 100” дар вилояти Москва суқут намуд. Тибқи иттилои Росавиатсия ҳавопаймо бидуни мусофир танҳо бо 3 экипаж парвоз менамуд, ки ҳамаи онҳо ҳалок гардидаанд. Ҳавопаймо парвозро мувофиқи нақша тибқи дархости воридшуда, ки мақомоти оперативии Системаи ягонаи идоракунии ҳаракати ҳавоӣ тасдиқ намудааст, дар хати фурудгоҳи Луховитси - аэродроми Внуково анҷом медод.
Ҳамзамон ҳавопаймои дигари SSJ New, ки парвози санҷишии пешбинишударо анҷом дода, дар аэродроми Раменское бо муваффақият фуруд омад.
***
Фурудгоҳи Шереметево ва ширкати “Аэрофлот” муваззаф гардиданд, ки дар ояндаи наздик барои суръат бахшидан расмиёти пеш аз парвоз чораҳои иловагӣ андешида шавад.
***
Ширкати “Qantas” парвози нави мустақимро аз Перт ба Париж оғоз менамояд, ки вақти сафарро чанд соат коҳиш медиҳад.
***
Ширкати “Air France” нақша дорад, ки тобистони соли оянда парвозҳои худро ба Париж-Феникс ва Париж-Денвер то панҷ маротиба дар як ҳафта афзоиш диҳад.
***
Ширкати “Air Canada” пас аз ба итмом расонидани шартномаи худ бо иҷорадиҳандаи ҳавопаймо “BOC Aviation” ҳашт ҳавопаймои нави Boeing 737 MAX 8-ро ба иҷора мегирад.
***
13-уми июли соли ҷорӣ дар фурудгоҳи Балтимори ИМА нерӯи барқ қатъ гардид, ки боиси таъхири назарраси парвозҳо шуд.
***
Бо дастгирии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳамкорӣ бо Идораи авиатсионии Қазоқистон ва мутахассисони КВД “Қазаэронавигатсия” машқҳои ҳамоҳангсозӣ оид ба ташкил ва гузаронидани корҳои ҷустуҷӯиву наҷотдиҳӣ бомуваффақият анҷом ёфтанд.
***
Натиҷаи ҳамкории фаъоли мутахассисони КВД “Узаэронавигатсия” ва КВД “Қазаэронавигасия” бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи ширкати ҳавопаймоӣ ба самтҳои самаранок, коҳиш додани ҳаҷми фаъолияти танзимгарони ҳаракати хавоӣ, ҷорӣ намудани қитъаҳои нави роҳҳои ҳавоӣ 11-уми июли соли 2024 қисмҳои нави масири навигатсионии минтақаи T-916 расман нашр ва ба истифода дода шуд, ки худи ҳамон рӯз ширкати ҳавопаймоии Олмон “Lufthansa” аввалин истифодабарандаи хатсайри нав гардид.
***
Аз 26-уми июли соли 2024 ширкати “Uzbekistan Airways” дар парвозҳо дар хатсайри Тошканд - Грозний - Тошканд басомади дуюмро ҷорӣ менамояд.
***
Дар натиҷаи корҳои таҷдид дар Фурудгоҳи байналмилалии “Урганч” аз 20-уми июл то 7-уми август қисмати парвозҳои ширкати “Uzbekistan Airways” ба Фурудгоҳи байналмилалии Нукус интиқол дода мешавад.
***
Аз 3-юми сентябри соли ҷорӣ ширкати “China Southern Airlines” аввалин масири мунтазамро ба Арманистон дар масири Урумчӣ-Ереван оғоз менамояд. Ҳамзамон ширкати мазкур аз 29-уми июл то 11-уми сентябри соли ҷорӣ ҳафт парвози ҳафтаина аз Гуанчжоу ба Парижро анҷом медиҳад.
***
(Манбаъ: Сомон Эйр, AVIA.RU, Aviation Explorer, Flight Global, China Southern Airlines, Simple Flying, КВД “Қазаэронавигатсия”, КВД “Узаэронавигатсия”)