БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ЯК ҚАТОР КОРХОНАҲОИ ИСТЕҲСОЛИВУ САНОАТИ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ
16 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт корхонаи истеҳсоли маҳсулоти нонию қаннодии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нонпаз”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Иншоот дар заминаи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи санъати хоси меъмории миллӣ бунёд ёфта, корҳои навсозӣ ва мутобиқгардонӣ ба замони муосир соли 2021 оғоз гардидааст.
Таъкид бояд кард, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нонпаз” аз солҳои 30-юми қарни гузашта фаъолият дошт ва бо пешрафти замону рушди ҷомеа тамоми дастгоҳу таҷҳизоти он корношоям гардида буд.
Иттилоъ дода шуд, ки имрӯз дар корхонаи “Нонпаз” беш аз 80 намуди маҳсулоти нонию қаннодӣ, аз ҷумла нон, батон, баггет, кулчаҳои қандин, торт, круассан, шириниҳои варақӣ ва амсоли инҳо истеҳсол карда мешавад, ки бо тамъҳои хоса дар бозори истеъмолӣ харидорони худро пайдо кардааст. Иқтидори истеҳсолӣ дар як шабонарӯз 40 тонна маҳсулоти нонӣ ва 5 тонна маҳсулоти қаннодӣ мебошад.
Тамоми дастгоҳу таҷҳизоти насбшуда истеҳсоли насли нав буда, аз давлатҳои Олмон ва Италия ворид гардидааст, ки аз ҷиҳати самаранокии неруи барқ каммасраф ва бисёрфунксионалӣ мебошанд.
Тавре иттилоъ доданд, бо пурра ба истифода додани корхонаи нонию қаннодии “Нонпаз” теъдоди кормандон аз 200 то ба 400 нафар расонида мешавад, ки дар ин замина иқтидори истеҳсолӣ низ ба маротиб зиёд хоҳад шуд.
Мавриди зикр аст, ки намои зоҳирии бино бо усулҳои нави меъморӣ бунёд ва чароғон шудааст. Саҳн ва атрофи корхона сабзкорӣ шуда, ҳамчунин роҳравҳои берунии он ва таваққуфгоҳ, асфалтпӯш гардидааст.
Корхона дар масоҳати 4 ҳазору 800 метри мураббаъ доман густурда, аз ҷониби соҳибкори ҷавон Усмон Мирзоалиев бунёд гардидааст. Иншоот аз сехҳои алоҳидаи истеҳсолӣ иборат буда, ҳуҷраҳои роҳбарият, муҳосибот, фурӯш, маҷлисгоҳ ва ошхона барои 100 нафар дар бинои маъмурии дуошёна ҷойгир карда шудааст.
Дар навбати худ кормандон ва масъулини коргоҳи “Нонпаз” ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии ҳамешагӣ ва фароҳамсозии шароити созгори кору фаъолият изҳори миннатдорӣ намуда, уҳдадор шуданд, ки минбаъд низ дар амалишавии ҳадафҳои созандаи Ҳукумати кишвар дар самти рушди соҳаи саноат саҳми муносиби худро хоҳанд гузошт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат, дар ҳудуди Парки технологияҳои инноватсионии “Ғаюр Гуруҳ” марҳилаи дуюми Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ, платаҳои чопӣ ва фурӯзонакҳои диодии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ғаюр Гуруҳ”-ро, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Акбар Асадулло бунёд шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Зимни боздид ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки марҳилаи дуюми корхонаи истеҳсоли махсулоти полипропиленӣ дар асоси технологияи муосири соҳавии ширкатҳои пешқадами ҷаҳонӣ фаъолият менамояд. Таҷҳизоти корхона аз ширкати “Старлингер”-и Австрия харидорӣ гардида, дар Осиёи Марказӣ феълан ягона ба ҳисоб меравад.
Иқтидори истеҳсолии корхона аз 70 млн. дона халтаҳои полипропиленӣ то ба 120 млн. дона расонида шуда, талаботи бозори дохилӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, кимиё ва ғайра пурра бо халтаҳои дорои клапани автоматӣ бо технологияи инноватсионии Ад Стар “AD STAR” қонеъ мегардад, вобастагӣ аз маҳсулоти борпечонии хориҷӣ бартараф мешавад. Ҳамчунин ва қисми боқимондаи маҳсулот ба содирот хоҳад рафт.
Насби технологияи насли нав имкон медиҳад, ки корхона бе партов фаъолият намуда, боқимондаи ашёи коркардшуда ба дигар корхонаҳои саноатӣ барои истеҳсоли номгӯи дигари маҳсулоти саноатӣ равона карда шавад.
Ғайр аз халтаҳо барои семент ҳамчунин ширкати “Ғаюр Гуруҳ” тибқи фармоиш имкон дорад, ки тавлиди халтаҳои полипропилении орд, дигар номгӯи маҳсулоти ғизоӣ ва маҳсулоти кимиёвиро ба роҳ монад.
Президенти кишвар зимни боздид ба фаъолияти истеҳсолии корхона ва иқдоми соҳибкори ватанӣ баҳои баланд дода, ба онҳо ҷиҳати назорати сифат ва тавлиди маҳсулоти рақобатпазир дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Ҳамчунин дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба фаъолияти Корхонаи истеҳсоли платаҳои чопӣ ва фурӯзонакҳои диодӣ оғози расмӣ бахшида, бо раванди истеҳсолот шинос шуданд.
Таҷҳизот ва технологияи наву инноватсионӣ аз Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷопон харидорӣ ва ба корхона ворид гардидааст.
Корхонаи истеҳсоли фурӯзонакҳои диодӣ ва дигар таҷҳизоти равшанидиҳанда дар кишвар ягона буда, дар доираи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таъмини саноатикунонии босуръати кишвар сохта шудааст.
Корхонаи истеҳсоли фурӯзонакҳои диодӣ ва платаҳои чопӣ аз хатҳои автоматии аз ҳамдигар мустақили платаҳои чопӣ SMT line, рангуборкунӣ, насбу васли фурӯзонакҳои диодии мурудшакл, пресофарии оҳан, пластмасса барои фурӯзонакҳо ва ғайра иборат мебошад.
Хати истеҳсоли платаҳои чопӣ имкон дорад, ки маҳсулоташро на танҳо барои фурӯзонакҳои диодӣ, балки барои зиёда аз 150 номгӯи таҷҳизоти барқӣ, аз қабили яхдон, кондитсионер, телевизор, камераҳои назоратӣ, ҳисобкунакҳои барқӣ ва ҳамчунин мошинсозию мебелбарорӣ тавлид намояд, ки замина барои рушди дигар соҳаҳои саноат дар кишвар мегардад.
Бунёди корхонаи мазкур ҳамчунин имкон медиҳад, ки истеҳсоли платаҳои чопӣ (PCBA) ва қисмҳои фурӯзонакҳои диодӣ дар дохил ба роҳ монда шуда, Тоҷикистон ба яке аз калонтарин истеҳсолкунандагони маҳсулоти мазкур дар минтақаи Осиёи Марказӣ табдил ёбад.
Дар маҷлисгоҳи корхонаи истеҳсоли платаҳои чопӣ ва фурӯзонакҳои диодӣ ба Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаҳои минбаъдаи ҶДММ “Ғаюр Гурӯҳ” муаррифӣ карда шуд. Тибқи нақша дар ояндаи наздик корхонаи истеҳсоли смартфонҳо, планшетҳо, соатҳои рақамӣ, ноутбукҳо ва камераҳои назоратиро дар шаҳри Душанбе бунёд меёбад. Корхонаи мазкур аз пажуҳишгоҳи тадқиқот ва рушд, хатҳои истеҳсоли қисмҳои металӣ, пластикӣ, платаҳои чопӣ ва хати васлу насб иборат мебошад.
Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз намоиши маҳсулоти корхона дидан карданд. Аз ҷумла семент, гаҷкартон, халтаҳои полипропиленӣ, маҳсулоти гигиенаи шахсӣ ва ғайра ба намоиш гузошта шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ғаюр Гурӯҳ” ҷиҳати истифодаи пурра аз иқтидорҳои мавҷуда дар ин самт ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои шаҳрвандони кишвар дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ҷавоҳироти заргарии Зарафшон”-ро ба истифода доданд.
Иншооти нави истеҳсолӣ аз коргоҳҳои заргарӣ ва маркази фурӯши тилло иборат буда, дар як сол иқтидор дорад то як тонна тиллоро коркард намояд. Минбаъд намудҳои гуногуни ҷавоҳирот бо истифода аз технологияи муосир дар ҳамин ҷой истеҳсол ва пешниҳоди мизоҷон гардонида мешавад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсиси корхонаи нави саноатиро дар шаҳри Душанбе ҷиҳати истихроҷу коркарди металҳои қиматбаҳо дар дохили кишвар то маҳсулоти ниҳоӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
Бо амалӣ гардонидани ҳадафҳои Ҳукумати кишвар аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ҷавоҳироти заргарии Зарафшон” тибқи лоиҳа 65 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд.
23 декабри соли 2022 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода буданд, ки ҷиҳати таъсиси 4 корхонаи коркарди металҳои қиматбаҳо то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.
Бо иҷрои саривақтии ҳамин супориши Роҳбари давлат Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ҷавоҳироти заргарии Зарафшон” дар ҳамкорӣ бо сармоягузорони Чин сохта ба истифода дода шуд.
Корхона аз ҳуҷраҳои рехтагарӣ, буриш, занҷирбофӣ, қолабрезӣ, нақшбандӣ, бастубанд ва дигар коргоҳҳо иборат мебошад.
Хатҳои нави технологии корхона имкон медиҳад, ки ашёи хоми маҳаллӣ то сатҳи ниҳоӣ коркард ва аз он маҳсулоти заргарӣ мутобиқ ба талаботи бозорҳои байналмилалӣ истеҳсол шавад.
Намудҳои гуногуни маҳсулоте, ки дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ҷавоҳироти заргарии Зарафшон” истеҳсол карда мешавад, дар мағозаи корхона муаррифӣ карда шуд.
Корхонаи саноатӣ аз ду бинои ду ва се ошёна иборат буда, ҳудуди он, ки 30 садякро ташкил медиҳад, чароғон ва сабзкорӣ шудааст.
Умуман дар ҳамин мавзеъ таъсиси ҳамин гуна 4 корхонаи саноатӣ бо 300 ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шудааст.
Инчунин дар ҳамин рӯз марҳилаи дуюми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” муаррифӣ карда шуд. Хати нави технологӣ дар як шабонарӯз иқтидори коркарди 4 ҳазор тонна маъданро дошта, аз он хокаи тилло истеҳсол мешавад.
Арзиши умумии сохтмони марҳилаи дуюми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” 650 миллион сомониро ташкил намуда, дар он таъсиси 600 ҷойи нави корӣ пешбинӣ шудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Ҳофизи Шерозии ноҳияи Синои пойтахт бинои тарабхонаи “Баҳор - Фарел” - ро мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти муосири хизматрасониву сайёҳӣ мутобиқи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз ҷониби соҳибкори ватанӣ, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Баҳор” Саймуҳриддин Сайфов бунёд шудааст.
Ёдовар мешавем, ки 10 ноябри соли 2022 Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи ҳавзҳои моҳипарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Баҳор” дар мавзеи Олучадараи деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат дастур дода буданд, ки бо истифода аз ин имкон дар пойтахти кишвар нуқтаҳои фурӯши гулмоҳӣ ва хӯрокҳои аз он омодашударо таъсис диҳанд.
Корҳои сохтмониву бунёдӣ дар иншооти нави хизматрасониву сайёҳӣ бо ҷалби мутахассисони маҳаллӣ дар муҳлати кутоҳ бо риояи санъати хоси меъмории милливу муосир бо сифати баланд ба анҷом расонда шудааст.
Бинои тарабхонаи “Баҳор - Фарел” аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, дорои се толори калон, ҳуҷраҳои алоҳидаи оилавӣ, нуқтаи фурӯши моҳӣ ва дигар ишнооти ёрирасон мебошад.
Масоҳати умумии иншоот наздики 1 гектар буда, бо ифтитоҳи он зиёда аз 100 ҷойи корӣ муҳайё гардидааст.
Дар тарабхона имкон аст, ки дар як вақт ба зиёда аз 500 нафар хизмат расонида шавад. Хӯрокҳо аз моҳӣ дар ин тарабхона аз тарафи ошпазони моҳир омода мегардад.
Дар тарабхона ҳамчунин дигар навъи хӯрокҳои милливу аврупоӣ бо таъму лаззати хос тайёр ва пешниҳоди мизоҷон мегардад ва ба таъкиди масъулон танҳо аз моҳӣ наздики 20 навъ хӯрок ва дар умум 100 навъ ғизо ва хӯришҳо омода карда мешавад.
Дар нуқтаи фурӯши тарабхона моҳии зинда, дудпаз, тухми моҳӣ, гӯшти парандаи истеҳсоли худӣ ва чорво ба фуруш бароварда шудааст.
Тавре таъкид гардид, Тоҷикистон бо табиати биҳиштосои кӯҳсор, тармаву пиряхҳо ва рӯдҳои шухи сардоб имкон дорад, ки аз ҷиҳати истеҳсол ва содироти гулмоҳӣ дар ҷаҳон дар ҷойи аввал қарор дошта бошад. Тавре иттилоъ дода шуд, феълан иқтидори истеҳсолии ҶДММ "Баҳор" дар як сол 200 тонна гулмоҳӣ буда, дар 2 соли оянда дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат ин нишондод то ба 1000 тонна расонда хоҳад шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар тарабхонаи тозабунёд ба масъулон ҷиҳати дар сатҳи баланд ба роҳ мондани хизматрасонӣ ба меҳмонону сайёҳони дохилию хориҷӣ ва муаррифии фарҳанги баланди меҳмоннавозии тоҷикона дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Атрофи иншоот бо услуби хос гулкориву сабзкорӣ шуда, дар саҳни он се фаввора бунёд шудааст. Ҳамчунин барои воситаҳои нақлиёти мизоҷон бо 140 ҷой таваққуфгоҳ мавҷуд мебошад. Шабона рӯшноии бинои тарабхона ба ҳусни ин мавзеъ зебоии хос зам менамояд.
Роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Баҳор” оянда нақша доранд, ки дар заминаи шароити хуби соҳибкорӣ дар кишвар боз ду адад чунин тарабхонаҳои замонавиро дар шаҳри Душанбе сохта, ба истифода диҳанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми роҳбарият ва кормандони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Баҳор”-ро дар самти рушди соҳаи моҳипарварӣ, сайёҳӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ намуна арзёбӣ карда, ба масъулони дахлдор барои дастгирии ҳамаҷониба аз ин гуна ташаббусҳои созанда дастуру супоришҳои мушаххас доданд.