Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ШИРКАТ ДАР ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ ШАШМОҲАИ CANSO ДАР EUROCONTROL

ШИРКАТ ДАР ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ ШАШМОҲАИ CANSO ДАР EUROCONTROL
557

Чоп кардан

16-уми июли соли 2024 дар шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия ҷаласаи навбатии Ташкилоти хизматрасонии аэронавигатсионии гражданӣ (CANSO) бо иштироки ҳайати роҳбарикунандаи КВД “Тоҷикаэронавигатсия”, КВД “Қазаэронавигатсия”, КВД “Ӯзаэронавигатсия” ва роҳбарони қисмҳои дахлдори Созмони Аврупоӣ оид ба бехатарии аэронавигатсионии давлатҳои Аврупо (EUROCONTROL) баргузор гардид. 

Дар раванди ҷаласа фаъолияти CANSO дар нимаи аввали соли 2024, инчунин дастовардҳои EUROCONTROL то охири соли 2023 ва нақшаҳои пешбинишудаи ташкилоти мазкур то соли 2030 ироа гардид.

Дар доираи чорабинии мазкур ширкаткунандагони ҷаласа аз Маркази банақшагирии ҳаракати ҳавоӣ дар давлатҳои Аврупо дидан намуданд.

Бояд қайд намуд, ки дар натиҷаи яку якбора зиёд гардидани ҳаракати ҳавоӣ дар минтақа фаъолияти КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар таъмини бехатарии парвозҳо дар сатҳи баланд баҳогузорӣ гардида, миннатдории роҳбарияти CANSO ва EUROCONTROL ба директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Бегиҷонзода Лоиқ Бегиҷон расонида шуд.

Зикр бояд намуд, ки таъминкунандаи хизматрасонии аэронавигатсионӣ (ANSP)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар чаҳорчӯбаи 28-умин Маҷлиси умумии солонаи (AGM) ба узвияти CANSO қабул гардид.

                                                          Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”