Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ВАСЕЪ ГАРДИДАНИ МАЙДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АЭРОНАВИГАТСИЯИ SOCEA

ВАСЕЪ ГАРДИДАНИ МАЙДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АЭРОНАВИГАТСИЯИ SOCEA
410

Чоп кардан

18-уми июли соли 2024, дар шаҳри Истамбули Ҷумҳурии Туркия маросими ботантанаи имзои Созишнома оид ба шомил гардидани таъминкунандаи хизматрасонии аэронавигатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” ба сафи аъзои SOCEA баргузор гардид. Созишномаи мазкур аз ҷониби муовини аввали директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Даврон Шодмонбекзода ва муовини директори генералии Саридораи фурудгоҳҳои давлатии Ҷумҳурии Туркия Ҷенгиз Пашаоғлу дар ҳузури ҳозирин имзо намуданд.

SOCEA платформаи минтақавӣ барои ҳамоҳангсозии бехатарии аэронавигатсия барои Аврупо ва Осиё буда, моҳи августи соли 2023 таъсис ёфтааст. Айни ҳол  аз панҷ кишвар, аз қабили Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Узбекистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Озарбойҷон аъзои созмони мазкур мебошад. Ҳадафи аслии майдони зикргардида таъмини амнияти аэронавигатсия ва афзоиши ҳаҷми ҳаракати ҳавоӣ дар минтақа ба шумор меравад. 

Дар идомаи чорабинӣ масъалаҳои маъмурии фаъолият ва сохтори созмон мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷиҳати баррасии вазифаҳои дарозмуддат дар доираи фаъолияти гурӯҳҳои корӣ дастуру супоришҳо дода шуд. Дар вохӯрӣ бо мақсади шомил шудан ба созмон як қатор таъминкунандагони хизматрасонии аэронавигатсионӣ (аз ҷумла Аврупо) маълумот пешниҳод намуданд.  

Ҳамзамон дар чаҳорчӯбаи вохӯрӣ меҳмонон аз манораи идоракунии ҳаракати ҳавоӣ ва Маркази идораи оперативии фурудгоҳи Истамбул дидан намуданд. Бояд гуфт, ки масоҳати умумии фазои ҳавоӣ тақрибан 2 миллион километри мураббаъро ташкил медиҳад.

                                                                                        Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”