ТАБОДУЛИ ТАҶРИБА ДОИР БА СИСТЕМАҲОИ ТАЪМИНОТИ РАДИОТЕХНИКИИ ПАРВОЗҲО
Тавре қаблан иттилоъ дода будем сармуҳандиси Раёсати таъминоти радиотехникии парвозҳо ва алоқаи барқии авиатсионӣ (РТРТП ва АБА)-и КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Мирзохонзода Умед дар шаҳри Токиои Ҷумҳурии Ҷопон дар доираи барномаи “Ҷорӣ ва идоракунии технологияи хизматрасонии аэронавигатсионӣ (ANS)” ба таҳсили фаро гирифта шуд.
Дар доираи барномаи омӯзишии худ ширкаткунандагони барномаи мазкур оид ба Системаи ошкор намудани пораҳои ашёҳои бегона (FODDS), MLAT/WAM ва Манораи фосилавӣ (remote tower) дониши худро такмил дода, бо мақсади дар таҷриба такмил додани дониши аз худ карда шуда ва аз наздик ошноӣ пайдо намудан бо фаъолияти таҷҳизоту воситаҳои соҳа аз Донишкадаи тадқиқотии навигатсияи электронии (Electronic Navigation Research Institute) Ҷопон дидан ва бо директори генералӣ ва мутахассисони он мулоқот анҷом доданд.
Зикр кардан бомаврид аст, ки айни ҳол тадқиқотҳо ҷиҳати ба истифода супоридани манораи фосилавӣ дар донишкада ба роҳ монда шуда, дар якчанд фурудгоҳҳои Ҷопон таҷҳизот ва воситаҳои зарурӣ васлу насб гардида, санҷишҳои ҳамарӯза гузашта истодаанд.
Ҳамчунин ширкаткунандагони барномаи такмили ихтисоси мазкур донишҳои худро оид ба GBAS, SBAS, GNSS, GIPTA такмил дода, дар доираи дарсҳои амалӣ бо мутахассисони соҳа дар Бюрои авиаитсияи граждании Ҷопон (JCAB) бо директори генералӣ ва мутахассисони соҳа дар Маркази арзёбии самаранокии шабака (NPAC) вохурӣ анҷом дода, дар ин ҷо бо кори технологияҳои нав дар соҳаи авиатсия гражданӣ шинос гардиданд.
Ёдовар бояд гардид, ки омӯзиш тибқи барномаи “Ҷорӣ ва идоракунии технологияи хизматрасонии аэронавигатсионӣ (ANS)” санаи 8-уми июл оғоз гардида то 30-юми июли соли 2024 дар шаҳри Токиои Ҷумҳурии Ҷопон идома меёбад.
Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”