Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ТАКМИЛИ ТАХАССУСӢ ОИД БА ТАЪМИНОТИ РАДИОТЕХНИКИИ ПАРВОЗҲО ДАР КОРЕЯ

ТАКМИЛИ ТАХАССУСӢ ОИД БА ТАЪМИНОТИ РАДИОТЕХНИКИИ ПАРВОЗҲО ДАР КОРЕЯ
359

Чоп кардан

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, Хусрав Мусоев техники Раёсати таъминоти радиотехникии парвозҳо ва алоқаи барқии авиатсионии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” барои такмили ихтисос ба Кореяи Ҷанубӣ сафарбар гардида буд.

Курси такмили ихтисоси “Хизматрасонии муҳандисии аэродромии алоқа, навигатсия ва назорат (Aerodrome CNS Engineering)”, ки санаи 10-уми июли соли ҷорӣ дар Академияи авиатсионии фурудгоҳи Инчоени шаҳри Сеул, Кореяи Ҷанубӣ оғоз гардида буд, 16-уми июли соли 2024 анҷом ёфта, ба ширкаткунандагон шаҳодатномаи тахассусӣ тақдим гардид.

Намояндагон аз 17 кишвари мухталифи ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, Алҷазоир, Ангола, Ботсвана, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Литва, Миср, Нигерия, Перу, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Сенегал, Сомали, Уганда, Урдун, Филиппин ва дигар кишварҳо дараҷаи тахассусии худро дар насби CNS, санҷиши заминии иншооти CNS, санҷиши иншооти парвози CNS ва бартараф намудани мушкилии системаи CNS-ро аз худ намуданд.

 

                                                                               Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”