ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ
Намояндаи доимии Ҷумҳурии Қазоқистон дар Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO) Тимур Тлегенов эътимодномаи худро ба Дабири кулли ICAO Хуан Карлос Салазар дар қароргоҳи созмони мазкур супурд. Зимни суҳбат Дабири кулл ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев барои тасмим дар бораи ифтитоҳи Намояндагии доимии Қазоқистон дар назди созмон изҳори сипос намуда, намояндаи доимиро бо оғози фаъолият табрик намуд. Хуан Карлос Салазар изҳори итминон намуд, ки фаъолияти намояндагии Ҷумҳурии Қазоқистон дар назди ICAО ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои Қазоқистон ва ICAO мусоидат менамояд.
***
Ширкати “China Southern Airlines” дар дафтари худ дар шаҳри Сидней вохӯрӣ гузаронида, иқтидори фарҳангӣ ва сайёҳии Гуанчжоуро муаррифӣ намуд.
***
Бо мақсади танзим намудани хастагии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ ҳангоми фаъолият FAA Созишномаи навро имзо намуд, ки тибқи он танзимгарон дар байни бастҳо вақти кофӣ барои истироҳат доранд. Дар доираи ин иқдом ба 2000 нафар расонидани шумораи онҳо низ пешбинӣ гардидааст.
***
Дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии ҳавоии Фарнборо дар Британияи Кабир ширкати “Drukair — Royal Bhutan Airlines” бо ширкати “Airbus” Ёддошти тафоҳум оид ба харидории се адад ҳавопаймои A320neo ва ду адад ҳавопаймои A321XLR-ро имзо намуд, ки таҳвили ҳавопаймоҳо дар соли 2030 пешбинӣ мегардад Ҳамзамон дар доираи ин намоишгоҳ ширкати Либия “Berniq Airways” барои харидории шаш ҳавопаймои A320neo, инчунин ширкати “Flynas” барои харидории 75 ҳавопаймои Airbus A320neo ва 15 ҳавопаймои A330-900 бо ширкати “Airbus” Ёддошти тафоҳум имзо намуданд.
***
Тибқи қоидаи нави ширкати “IndiGo” ҳангоми харидории чипта бонувон имкон доранд, ки шахси дар паҳлӯяш нишастаро интихоб намуда, дар назди дигар бону парвоз намоянд. Ҳангоми бақайдгирии онлайн, мусофирони зан метавонанд нақшаи нишастро бубинанд. Ҷойҳое, ки занони дигар ишғол менамоянд, бо ранги гулобӣ қайд карда мешаванд. Аммо ба мардон чунин маълумот дастрас намегардад ва танҳо ҷойҳои холиро дида метавонанд.
***
Тибқи иттилои мақомоти Кореяи Ҷанубӣ дар давоми 24 соати охир тақрибан 500 пуфак бо партов аз Кореяи Шимолӣ ба ҳарими ҳавоии Кореяи Ҷанубӣ ирсол гардид, ки ба қатъ гардидани фаъолияти фурудгоҳи Сеул дар давоми ду соат ва боиси сӯхтор дар боми як бинои истиқоматӣ дар вилояти Кёнги дар наздикии пойтахт гардид.
***
Ширкати “Аэрофлот” парвозҳои иловагиро аз Тюмен ба Сочӣ дар моҳи октябр оғоз менамояд. Дар ҳамин замина дар мавсими тобистон ширкати “S7 Airlines” шумораи парвозро байни Новосибирск ва Сочӣ афзоиш дод, ки шумораи парвоз дар ин масир аз 35 адад дар як ҳафта ба 41 адад афзуд.
***
Боришоти шадид дар шаҳри Мумбаи Ҳиндустон ба фаъолияти фурудгоҳи байналмилалӣ халали ҷиддӣ расонида, парвозҳо ба Мумбай ва аз Мумбай ба таъхир афтод. Дар ҳамин замина ба мусофирон тавсия дода шуд, ки ба фурудгоҳ пеш аз вақти муайянгардида ҳозир шаванд. Қаблан ниҳоди обуҳавошиносии Ҳиндустон (IMD) дар Мумбай ва атрофи он боришоти аз ҳад зиёд ва шадид пешгӯӣ намуда буданд.
***
Ширкати “JetBlue” парвозро ба 7 фурудгоҳи ИМА, аз ҷумла Бербанк, Шарлотт, Миннеаполис, Палм Спрингс, Пойнте-а-Питре, Сан Антонио ва Таллахасси қатъ менамояд.
***
Пас за таваққуфи шашмоҳа ширкати “Yemenia Airways” парвозҳои худро барқарор намуда, ягона парвози байналмилалии худро байни фурудгоҳи Санъо ба Урдун низ ба роҳ мемонад.
***
Ширкати “Uzbekistan Airways” дар ҷадвали парвози худ аз санаи 29-уми июл то 3-юми августи соли чорӣ парвозҳои иловагиро дар масири Тошканд — Нукус — Тошканд амалӣ менамояд.
***
(Манбаъ: КВД “Қазаэронавигатсия”, AVIA.RU, Aviation Explorer, Aviation Source News, Simple Flying, Uzbekistan Airways, https://news.mail.ru/tag/306/)