ДАСТРАСИИ ВАСЕЪИ WI-FI ДАР ҲАВОПАЙМОҲИ “TURKISH AIRLINES”
Ширкати ҳавопаймоии “Turkish Airlines” нақша дорад, ки то охири соли 2025 хизматрасонии Wi-Fi-ро барои мусофирон ройгон ва бидуни маҳдудият дастрас намояд, хабар медиҳад AVIA.RU.
Барои ноил шудан ба ин ҳадаф ва бо мақсади таъмини ҳалли баландсифати IFC (Алоқа дар дохили парвоз) ширкат бо таъминкунандагони маҳаллӣ ва байналмилалӣ ҳамкорӣ менамояд.
Дар ин замина ширкати “Turkish Airlines” бо ширкати “TCI Aircraft Interiors” таъминкунандаи маҳсулоти сертификатсияшудаи авиатсионӣ ва ширкати “Turksat” истеҳсолкунандаи технологияҳои моҳворавӣ Ёддошти тафоҳумро имзо намуд, ки шарикии мазкур ӯҳдадории ширкат “Turkish Airlines”-ро дар истифодаи таҷрибаи миллӣ ва дастгирии рушди ширкатҳои ватанӣ дар бахши IFC вусъат мебахшад.
Дар доираи ин ташаббус, ширкат нақша дорад, ки технологияҳои навтарини иртиботро такмил диҳад. Ин ба интиқолдиҳанда имкон медиҳад, ки хизмарасонии IFC-ро, ки қисман пешниҳод мегардад, дар ҳама ҳавопаймо дастрас ва ба мусофирон хизматрасонии бемаҳдуд, бефосила ва зуди IFC-ро пешниҳод намояд.
Ҳадафи интегратсияи технологияҳои муосири IFC ба қонеъ намудани ниёзҳои рақамии сайёҳони муосир дар тӯли сафар равона мегардад.