РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Намояндагони воломақоми соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Мардумии Чин, намояндагони корхонаи истеҳсолии “COMAC”-и ин кишвар ва музофоти Чендуи Чин аз КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дидан намуданд.
Зимни мулоқот бо роҳбарият ва кормандони корхона иқтидори КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар пешниҳоди хизматрасонии аэронавигатсонӣ ва ифтитоҳи долонҳои нав муаррифӣ гардид. Дар идома меҳмонон оид ба фаъолияти корхонаи истеҳсолии Корпоратсияи ҳавопаймоии тиҷоратии Ҷумҳурии Мардумии Чин (COMAC) ва музофоти Ченду сухан гуфта, омодагии худро доир ба рушди ҳамкориҳои минбаъда изҳор намуданд.
Дар идомаи сафар меҳмонон аз утоқҳои корӣ ва манораи муназзимии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дидан намуда, бо фаъолияти корхона аз наздик шинос гардиданд. Таъкид гардид, ки бо мақсади беҳтар намудани хизматрасонии аэронавигатсионӣ ва таъмин намудани бехатарии парвозҳо дар солҳои охир дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои бонуфузи истеҳсолкунандагони соҳаи авиатсия техника ва таҷҳизотҳои аэронавигатсионӣ таҷдид гардида, малака ва дониши кормандон такмил мегардад.
Дар хотима ҷонибҳо рушди ҳамкории минбаъда дар соҳаи авиатсия, аэронавигатсия, ифтитоҳи хатсайрҳои нав, инчунин табодули таҷриба ва малакаи мутахассисонро баррасӣ намуданд.
Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”