МАРОСИМИ ШАҲОДАТНОМАСУПОРӢ
Дар чаҳорчӯбаи таҳсили худ тибқи барномаи “Ҷорӣ ва идоракунии технологияи хизматрасонии аэронавигатсионӣ (ANS)” дар Ҷумҳурии Ҷопон, ки сармуҳандиси Раёсати таъминоти радиотехникии парвозҳо ва алоқаи барқии авиатсионӣ (РТРТП ва АБА)-и КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Мирзохонзода Умед низ ҷалб гардида буд, ширкаткунандагон аз Фурудгоҳи байналмиллалии “Наҳа” дидан намуда, бо ҳайати роҳбарикунанда ва мутахассисони соҳа мулоқот анҷом доданд.
Маврид ба қайд аст, ки фурудгоҳи “Наҳа” дар як шабонаруз ба 400 ҳавопаймо хизматрасони менамояд. Баъдан дар ҷазираи Фукуока бо фаъолияти марказҳои хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ, фурудгоҳи он ва истифодаи система ва таҷҳизотҳои таъминкунандаи хизматрасонии аэронавигатсионӣ аз наздик шинос шуданд. Ҳангоми мулоқот бо директори генералӣ ва мутахассисони соҳа дар фурудгоҳи мазкур, зикр гардид, ки он дар як шабонаруз ба 500-550 ҳавопаймо хизматарсонӣ менамояд, ки ин баробар ба як ҳавопаймо дар ҳар 2 дақиқа мебошад.
30-юми июли соли 2024 барномаи такмили ихтисос дар маркази байналмиллалии Ҷопон анҷом ёфт. Дар анҷом мутахассисон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мозамбик, Непал ва Ҷибутибо бо шаҳодатнома сарфароз гардиданд.
Ёдовар бояд шуд, ки барномаи такмили ихтисоси “Ҷорӣ ва идоракунии технологияи хизматрасонии аэронавигатсионӣ (ANS)” аз 8-ум то 30-юми июли соли 2024 дар шаҳри Токиои Ҷумҳурии Ҷопон идома ёфта, иштирокчиёни он дониши худро оид ба GBAS, SBAS, GNSS, GIPTA такмил доданд.
Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”