Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ
287

Чоп кардан

Аз 3-юми сентябри соли 2024 ширкати “Аэрофлот” парвози мустақими муқарраршударо аз Екатеринбург ба Саняи Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз менамояд.

***

Дар доираи даври сеюми Барномаи такмили фурудгоҳҳо (AIP) Маъмурияти федералии авиатсионии (FAA) ИМА беш аз 374 миллион доллари ИМА грант ба фурудгоҳҳои ИМА ҷудо намуд, ки ин грантҳо барои бунёди иншоотҳои нави фурудгоҳҳо, таъмири хати парвозу фуруд, нигоҳдории равшанӣ ва аломатҳои фурудгоҳҳо, ҳамзамон харидории таҷҳизоти зарурӣ барои хизматрасонии техникӣ ва нигоҳдории фурудгоҳҳо равона мегардад.

***

Дар Пулково Маркази нави танзимгарон ифтитоҳ гардид, ки 7 нафар танзимгарон ба мусофирон дар сарфаи вақт ва пешгирӣ аз тамбашавӣ дар фурудгоҳ мусоидат менамоянд.

***

Ширкати “Philippine Airlines” харидории 100 адад ҳавопайморо пешбинӣ менамояд.

***

Аз 6-уми октябри соли ҷорӣ ширкати “Armenian Airlines” парвози мустақимро байни Ереван ва Волгоград оғоз менамояд.

***

5-уми августи соли ҷорӣ ширкати “Qanot Sharq” аз фурудгоҳи Домодедово ба шаҳрҳои Ҷумҳурии Узбекистон, аз ҷумла ба Тошканд, Бухоро, Наманган, Самарқанд ва Фарғона парвозҳоро ба роҳ мемонад.

***

Аз 6-уми августи соли ҷорӣ ширкати “Uzbekistan Airways” дар масири Тошканд – Остона – Тошканд парвози иловагиро ба роҳ мемонад.

***

28-уми июли соли ҷорӣ дар Венесуэла интихоботи президенти баргузор шуд, ки натиҷаи он аз ҷониби кишварҳои зиёд, аз ҷумла Аргентина, ИМА ва кишварҳои Амрикои Лотинӣ эътироф нагардид. Ин боиси лағви парвозҳо тавассути ҳарими ин кишвар шуд.

***

Аз 17-уми августи соли ҷорӣ ширкати “China Southern Airlines” парвози мустақимро аз Урумчӣ ба Истанбул оғоз менамояд.

***

Олмон бо ширкати “Qinetiq” Қарордод оид ба пешниҳоди хизматрасониҳои омӯзиши авиатсиониро барои дастгирии нерӯҳои мусаллаҳи худ имзо намуд.

***

Интиқолдиҳандаи боркашонии минтақавии чартерии ИМА “Alpine Air Express” харидории 75 адад ҳавопаймои гибридии барқии Фаронса Aura Aero ERA-ро пешбинӣ менамояд.

***

Ширкати “AirAsia Group” чор адад ҳавопаймои нави “Airbus A321neo”-ро интиқол намуд, ки шумораи умумии ҳавопаймоҳои ширкати мазкур ба 221 адад расид.

***

Ширкати “LOT Polish Airlines”-и Лаҳистон аввалин ҳавопаймои Embraer E195-E2-ро дастрас намуд.

***

4-уми августи соли ҷорӣ ширкати “AirAsia Cambodia” нахустин парвози байналмилалии худро аз Пномпен ба Куала-Лумпур амалӣ намуд.

***

(Манбаъ: China Southern Airlines, Uzbekistan Airways, AVIA.RU, Aviation Explorer, Aviation Source News, Simple Flying, Flight Global)