Соли нав муборак!
Ҳамкорон ва муштариёни гиромӣ!
Иҷозат фармоед Шумо ва аҳли хонаводатонро ба муносибати омад-омади Соли Нави 2019 аз сидқи дил табрику таҳният намоям!
Соли сипаришаванда барои миллати шарафманди Тоҷикистон таҳти роҳбариву ҳидояти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли дастовардҳои бесобиқаи футӯҳот дар калидитарин риштаи ҳаёт, ки бозтоби истиқлолу озодӣ ва комгорӣ аз файзи сулҳбори осмони беғубори кишвар аст, номнавис гардида саҳфаи таърихро тавассути зери даст овардани Вахши ноорому тундхӯ ва ба истифода супоридани чархаи аввалини НОБ-и Роғун, рушду нумӯ ва равнақи санъату маҳорат ва фарҳанги миллӣ бо арҷгузорӣ ба анъанаҳои аҷдодӣ, пешбурди иқтисод ва дар ин мизон воломақом сохтани потенсиали ҳар як шаҳрванди меҳан бо назардошти ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро шомил шудан бо зар нигошта, умедҳои бештари файзборро аз пешомади наздик, устувортар кард. Миллати меҳнатқарину фарҳангсолор ва ободкору арҷгузори тоҷик бо Пешвои муаззамаш дар арсаи ҳаёти кишвар ва хориҷ бо шӯҳратёрии бесобиқа босубот пеш рафта, қудрату тавон ва имконоти Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳон таҷаллӣ намуд, ки дар ин ҳавошӣ тантанаи бошукўҳи ҳузури Сарони кишварҳои муштаракулманофеъ, матраҳи барномаи таҷлили 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, тасвиби ҷаҳонии барномаи «Об барои рушди устувор» барои даҳсола, тарроҳии шаҳрдориву шаҳрсозии муосир, баромади воқеӣ аз бумбастҳои табииву инсонӣ, эъмору ифтитоҳи садҳо иншооту боғоти дархури иқтисод, фарҳанг, маданият, саноату тиҷорат ва хоҷагии халқ гувоҳу ҳамто надошта, баистифодасупории Ноби Роғун як навъ ҳукми ибтидоӣ бунёдкориҳои навинро дар минбаъд таҷассум кард!
Бо истифода аз имкони муносиб бароятон дар Соли нави 2019 хушиву хуррамии хонаводагӣ, комрониву комгорӣ аз нийяту иқдомоти тоза, иззату каромат ва сарфарозӣ аз татбиқи орзуҳо, саломату саодат ва баракати беҳамторо таманно дорам!
СОЛИ НАВУ ИҚБОЛИ НАВ!
Бо камоли иззату эҳтиром ва таманниёти бардавом,
Директори генералии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» Л.Б. Ашуров