Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ
361

Чоп кардан

Кишварҳои аъзои иттиҳоди “AUKUS” – ИМА, Британияи Кабир ва Австралия санҷиши муштаракаи ҳавопаймоҳои бесарнишин (UAV)-ро бо зеҳни сунъӣ (AI) амалӣ намуданд. Тавре зикр гардид, намунаи нави ҳавопаймои бесарнишин имкон медиҳад, ки бо истифода аз AI ҳадафҳоро аз масофаи дур пайдо, хомӯш ва нобуд созад.

***

9-уми августи соли ҷорӣ ширкати “Armenian Airlines” аввалин парвозро аз Ереван ба фурудгоҳи Қазон амалӣ намуд. Парвози мустақим рӯзҳои ҷумъа тавассути ҳавопаймои Airbus A321-200 анҷом дода мешавад.

***

Ширкати “Аэрофлот” парвозҳои доимии мустақимро аз Владивосток, Хабаровск ва Новосибирск ба ҷазираи Хайнани Ҷумҳурии Мардумии Чин ифтитоҳ менамояд. Парвоз аз Владивосток 2-юми сентябр, ҳафтае се маротиба оғоз мешавад. Дар ҳамин замина парвоз аз Хабаровск аз 3-юми сентябр ҳафтае ду маротиба ва аз Новосибирск аз 5-уми сентябр ҳафтае ду маротиба ифтитоҳ мегардад.

***

8-уми августи соли равон ширкати “Georgian Airlines” аввалин парвози боркашонии чартериро дар масири Ҳайкоу-Навоӣ-Тифлис анҷом дод. Қарор аст, ки парвозҳо аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Гурҷистон бо таваққуфи техникӣ дар Навоӣ ҳафтае ду маротиба бо ҳавопаймоҳои боркашонӣ Boeing 767-300 анҷом дода шаванд.

***

Ширкати “Oman Air” аз 5-уми октябри соли ҷорӣ парвозро аз Маскат ба Сюрих, аз 27-уми октябр ба Марл ва аз 29-уми октябр Москва оғоз менамояд.

***

Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон тасмим гирифт, ки фурудгоҳи Атирауро ба ширкати Қатар “QazAir Investments” интиқол диҳад.

***

8-уми августи соли равон филиалҳои “Камчатаэронавигатсия”, “Аэронавигатсияи Сибири Шимолу Шарқӣ” ва “Аэронавигацияи Сибири Шарқӣ”-и Корпоратсияи давлатии ИҲҲ дар фурудгоҳҳои  Уст-Камчатск, Нерюнгри ва Киренск бо истифода аз фишори QNH ба хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ гузаштанд. Имрӯз дар Федератсияи Россия тибқи фишори QNH аллакай 117 фурудгоҳ фаъолият менамояд.

***

Дар натиҷаи афзоиши талабот ба парвозҳо ширкати “Россия” рӯзҳои чаҳоршанбе ва якшанбе парвозҳои иловагиро аз Сочи ба Истанбул оғоз намуд.

***

Парвози озмоишии намунаи воридотивазкунандаи ҳавопаймои MS-21-и Федератсияи Россия то охири сол пешбинӣ мегардад.

***

Аз 13-уми октябри соли ҷорӣ ширкати “Аэрофлот” парвози мустақимро аз Екатеринбург ба Таиланд барқарор менамояд.

***

Оқибатҳои тӯфон ва жолаи санаи 8-уми августи соли ҷорӣ дар Остона боиси осеб дидани чор ҳавопаймои ширкати “Air Astana” ва таъхири парвозҳо гардид.

***

Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин масъалаи густариши ҳамкорӣ барои таъмини амнияти фаъолият дар кайҳонро баррасӣ намуданд.

***

Мутахассисони Сарраёсати авиатсияи граждании Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Внуково фаъолияти Хадамоти бехатарии авиатсионӣ (ХБА)-ро омӯхтанд. Ин сафар дар чаҳорчӯбаи иҷрои қарори президенти Россия дар бораи ифтитоҳи ҳаракати ҳавоӣ миёни ду кишвар сурат гирифт.

***

Ширкати ҳавопаймоии минтақавии Таиланд “Pattaya Airways” сертификати оператори ҳавоии худро аз танзимгари авиатсияи граждании кишвари мазкур дастрас намуд.

***

Ширкатҳои ҳавопаймоии байналмилалӣ, аз ҷумла “British Airways”, “Virgin Atlantic”, “Singapore Airlines” ва “Qantas” дар натиҷаи омилҳои мухталиф, аз қабили мушкилии парвоз тавассути фазои ҳавоии Федератсияи Россия парвозро ба Ҷумҳурии Мардумии Чин коҳиш медиҳанд. Дар ин замина интиқолдиҳандагони Чин амалиёти худро дар хориҷи кшвар васеъ менамоянд.

***

Ширкати Ҷумҳурии Қирғизистон “TezJet” оғози парвози мустақими мусофирбариро байни Бишкек ва Тошканд 3-юми сентябри соли 2024 ба нақша гирифтааст.

***

Сабаби суқути ҳавопаймои ATR-72-и ширкати “Voepass” яхбандӣ дар баландиҳо ё мушкилии техникии муҳаррик арзёбӣ мегардад, хабар медиҳад Reuters. Бояд ёдовар шуд, ки ҳавопаймои ATR-72-и ширкати “Voepass” 9-уми августи соли ҷорӣ дар маҳаллаи истиқоматӣ дар наздикии Сан-Паулуи Бразилия суқут намуд, ки дар натиҷа ҳамаи 62 мусофири ҳавопаймо ҳалок гардиданд.

***

(Манбаъ: AVIA.RU, Aviation Explorer, Aviation Source News, Simple Flying, Flight Global, https://news.mail.ru/tag/306/)