Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ДОНИШИ ҲУҚУҚӢ ТАКМИЛ МЕЁБАД

ДОНИШИ ҲУҚУҚӢ ТАКМИЛ МЕЁБАД
684

Чоп кардан

Дар доираи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардидани соли 2024 бо иштироки муовини якуми директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Даврон Шодмонбекзода вохӯрии кормандон бо мутахассиси варзидаи соҳа сардори шуъбаи назорати умумии Прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон, мушовири адлияи дараҷаи 2 Содиқзода Дадаҷон Абдусамӣ ва прокурори калони шуъбаи мазкур, мушовири адлияи дараҷаи 1 Салимзода Темур Нуриддин баргузор гардид.

Даврон Шодмонбекзода зикр намуд, ки имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон барои ташкил намудани як ҷомеаи қонунмеҳвар ва адолатпеша талош намуда, дар остонаи ҷашни 30-солагии Конститутсияи Тоҷикистон соли 2024 – ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардид.

 

Ҳадаф аз ин иқдом фарогирии маҷмуи масъалаҳои хеле муҳим ва саривақтӣ буда, интизор меравад, ки вобаста ба масоили мазкур иқдомоти муассир роҳандозӣ шавад. Махсусан, дар самти баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои ҳуқуқӣ ва демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон ва муносибати эҳтиромона ба он, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ, васеъ намудани дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти ҳуқуқӣ, тайёр намудани мутахассисони ҳуқуқшиноси забондон ва ғайра.

Дар нутқи худ Темур Салимзода вобаста ба ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ибрози назар намуда, муҳтавои ҳар як қисми қонунҳои мазкурро матраҳ намуд.

Зикр гардид, ки ворид намудани тағйиру илова ба қонунҳои мазкур баҳри ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, баланд бардоштани маънавиёт ва сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардум ва пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд равона гардидааст.

 

Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”