Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
525

Чоп кардан

22 август маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири пазироии меҳмони олиқадр идона оро ёфта буд, баргузор гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаевро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.

Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт.

Ҳамчунин, ба ифтихори ташрифи давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон аз тупхонаҳо 21 маротиба шиллик паронда шуд.

 

Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон ва мавзуоти мубрами минтақавию ҷаҳонӣ дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев оғоз гардида, дар вохӯрӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб идома ёфт.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадр ва ҳайати ҳамроҳашро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба Қосим-Жомарт Токаев барои таваҷҷуҳи шахсиашон ба таҳкими ҳамаҷонибаи муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон, ки асоси онро робитаҳои ошкоро, эътимодбахш ва самимӣ ташкил медиҳанд, изҳори сипос намуданд.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории минбаъда дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, саноат, энергетика молия ва бонкдорӣ, кишоварзӣ ва дигар самтҳои мавриди манфиатҳои дуҷониба муҳокима гардиданд.

Таъкид карда шуд, ки Қазоқистон дар миёни шарикони тиҷоратии Тоҷикистон мақоми пешсаф дошта, нишондиҳандаҳои гардиши мол миёни ду кишвар дар ҳоли афзоиши устувор қарор дорад. Чунончӣ, ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар дар нимсолаи соли равон дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 20 фоиз афзудааст.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳаҷми гардиши молро то ба 2 миллиард доллари амрикоӣ расонанд.

Гуфта шуд, ки дар Тоҷикистон 92 корхонаи муштарак бо ҷалби сармояи Қазоқистон ва дар кишвари дӯст 89 корхона бо иштироки соҳибкорони тоҷик фаъолият дорад. Давоми 5 соли охир ба иқтисоди Тоҷикистон 700 миллион доллари амрикоӣ аз Қазоқистон сармоя ворид гардидааст.

Зимни музокирот иқтидори бузурги мавҷуда барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод ва сармоягузорӣ таъкид карда шуд.

Дар рафти музокирот ҷонибҳо ҳамчунин ҳамкории кишварҳо дар чаҳорчуби ташкилоту созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиёро баррасӣ намуданд.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев дар Қасри миллат дар маросими муаррифии лоиҳаи ҳамкорӣ оид ба ҳукумати электронӣ иштирок карданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки ҷорӣ кардани “Ҳукумати электронӣ” тақозои замон аст ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти талаботи ҷомеа, ба ин раванд таваҷҷуҳи рӯзафзун зоҳир менамояд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон ва ба Президенти ин кишвар муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев барои мусоидати амиқ дар амалисозии ин раванд изҳори сипос намуданд. Баъди анҷоми маросими муаррифии лоиҳа Сарони давлатҳо ба коршиносони соҳа барои расидан ба ҳадафҳои созанда ва татбиқи самараноки он комёбӣ хоҳон шуданд.

  

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо маросими имзои 16 санади нави ҳамкорӣ баргузор гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев “Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон”-ро имзо намуданд.
Баъди анҷоми маросими имзои санадҳо Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ оростанд.
Сарвари давлати мо аҳамияти таърихии имзои “Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон”-ро махсус таъкид карда, аз ҷумла изҳор доштанд, ки “ин санади муҳим, бешубҳа, дар таърихи ҳамкории ду кишвар саҳифаи нав мекушояд ва бовар дорам, ки заминаи мустаҳками шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии мо хоҳад шуд.”

Дар толори Кохи Борбади пойтахт бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев консерти дилнишини ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Боиси хушнудист, ки имрӯз муносибатҳои дӯстии бисёрҷанбаи ду давлат дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми ҳамдигар ва эътимод ба нафъи кишварҳо ва халқҳои Тоҷикистону Қазоқистон пайваста инкишоф меёбанд.

Барномаи бошукуҳу рангини устодони санъат ва ҳунармандони Қазоқистон пешкаши меҳмонон карда шуд, ки бисёр хотирнишин ва таҷассумгари дӯстии мардумони ду кишвар буд.

Барномаи консертии устодони санъати Қазоқистон бо хушнудӣ ва кафкӯбиҳои пурмавҷ пазируфта шуд.

Зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон ва дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Хуҷанд барномаҳои консертӣ, намоишгоҳи ҳунармандон, намоиши аксу мусаввараҳо ва рӯзҳои синамои Қазоқистон баргузор мешаванд.

Ҳамчунин 21 август дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи устод Абулқосим Фирдавсӣ бо иштироки вазирони фарҳанги ду кишвар нимпайкараи шоир ва мутафаккири қазоқ Абай Кунанбаев кушода шуд.

23 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев дар Маркази хизматрасонии “Дунёи ош”-и пойтахт аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва таомҳои миллӣ боздид намуданд.

Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва таомҳои миллӣ дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар намоишгоҳ молу маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили полезиҳо, меваҷот ва сабзавоти тару тоза ба маъраз гузошта шуд.

Илова бар ин, дар доираи намоишгоҳ маҳсулоти нонӣ, аз ҷумла нону кулчаҳои гуногуни кадбонуҳои ҳунарманд, пешкаши меҳмонон гардид.

Дар маркази хизматрасонии “Дунёи ош” Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев бо таомҳои миллӣ, ба мисли намудҳои мухталифи ош, ки аз ҷониби ошпазҳо бо санъати баланд омода карда шуда буд, шинос шуданд.

   

23 август сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон ба анҷом расид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтироми хос Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаевро самимона гусел карданд.

Президенти кишвари дӯст муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев бо изҳори сипос аз меҳмоннавозии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таассуроти нек аз ин сафари бобарор аз шаҳри Душанбе ба ватан баргаштанд.

Ёдовар бояд шуд, ки рӯзҳои 22-23 август Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев бо сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доштанд.

Дар доираи сафар меҳмони олиқадр бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар шахсони воломақоми Тоҷикистон мулоқоту вохӯриҳои судманд анҷом доданд.

Аз рӯйи натиҷаи сафари давлатӣ 16 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла санади муҳиму таърихӣ – “Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон” ба имзо расид, ки омили муҳиму таконбахши таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии ду кишвар гардид.

Баргузории рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон ва анҷумани пурмаҳсули сармоягузорону соҳибкорони ду кишвар низ аз бахшҳои пурарзиши сафари давлатии муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев ба Тоҷикистон буд.