Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ОМОДАГӢ БА ГУЗАРИШИ ДАВРАИ ТИРАМОҲ-ЗИМИСТОН

ОМОДАГӢ БА ГУЗАРИШИ ДАВРАИ ТИРАМОҲ-ЗИМИСТОН
726

Чоп кардан

Дар толори КВД “Тоҷикаэронавигатсия” вохӯрии кормандон ва мутахассисони Раёсати таъминоти радиотехникии парвозҳо ва алоқаи барқии авиатсионӣ, техник ва муҳандисон баргузор гардид, ки дар он сари вақт омода намудани корхона барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025, баҳри таъмини дараҷаи баланди хизматрасонии аэронавигатсионӣ, омодагии мутахассисон, воситаву таҷҳизотҳои корхона, хусусиятҳои истифодабарии воситаҳои радиотехникӣ дар ин мавсим баррасӣ гардид.

 

Сипас сармуҳандиси Раёсати таъминоти радиотехникии парвозҳо ва алоқаи барқии авиатсионии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Умедҷон Мирзохонзода оид ба таҷрибаи  худ дар Ҷопон табодули афкор намуд.

Бояд қайд намуд, ки дар доираи талошҳои роҳбарияти КВД “Тоҷикаэронавигатсия” оид ба омода намудани мутахассисони ҷавони соҳибихтисос дар соҳаи аэронавигатсия, дастгирӣ намудани ҳамаҷонибаи онҳо, ҳамзамон сафарбар намудани онҳо барои такмили ихтисос дар хориҷӣ кишвар корҳои зиёде амалӣ мегарданд.

Дар доираи ин ташаббусҳо мутахассиси ҷавон, Умедҷон Мирзохонзода аз 8-ум то 30-юми июли соли 2024 дар барномаи “Ворид намудан ва идоракунии хизматрасониҳои аэронавигатсионӣ”  дар шаҳри Токиои Ҷумҳурии Ҷопон баргузор гардида буд, такмили ихтисос намуд. Дар доираи барномаи мазкур иштирокчиён дониши худро оид ба ⁠GBAS, ⁠SBAS, ⁠GNSS ва ⁠GIPTA такмил доданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ байни кормандони корхона масоили татбиқи таҷрибаи нав баррасӣ гардид.

Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”