Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

Баҳрабардорӣ аз “Паём”

Баҳрабардорӣ аз “Паём”
1 166

Чоп кардан

Дар партави омӯзиши “Паёми” Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар КВД “Тоҷикаэронавигатсия” 22.01.2019 маҷлиси махсусгардонидашуда бо иштироки намояндагони Прокуратураи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Сараввал Мушовири дараҷаи дуюм, сардори шӯъбаи кадрҳои Прокуратураи нақлиёт Исмоилзода С оид ба самтҳои асосии рушди Тоҷикистон тибқи “Паём” ва мақому вазифаҳои сохторҳои қудратии кишвар дар ин раванд баромади пурмӯҳтавое пешкаш намуда, аз барномаҳои кории ин сохторҳо дар соли 2019 иттилоъ дод.

Роҷеъ ба нуктаҳои истеҳсоливу иҷтимоӣ, тандурустӣ, маориф ва фарҳанги “Паём” ва иртиботи онҳо бо ҳар шаҳрванди кишвар ва алалхусус кормандони корхона мутаассиси шӯъбаи шартномавиву ҳуқуқӣ Розиқзода А ва ёвари директори генералии корхона Афсаҳзод А баромадҳои доманадор намуданд.