Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

САРВАРИ ДАВЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ ЯК ҚАТОР ИНШООТҲОИ ТАЪЛИМИЮ ФАРҲАНГИРО МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ДОДАНД

САРВАРИ ДАВЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ ЯК ҚАТОР ИНШООТҲОИ ТАЪЛИМИЮ ФАРҲАНГИРО МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ДОДАНД
666

Чоп кардан

27 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи Ховарони ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №9-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Баъди пардабардорӣ аз рӯи лавҳаи рамзӣ ва ифтитоҳи расмии муассиса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо шароити таҳсил дар он шинос шуданд.

Зимни боздид аз муассисаи муосири таълимӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки он аз 3 ошёна иборат буда, барои 2400 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9, ки дар арафаи соли нави хониш кушода шуд, дорои 72 синфхонаю ҳуҷраҳои корӣ ва толори маҷлис бо 500 ҷойи нишаст мебошад.

Хонандагон метавонанд дар синфхонаҳои фаннӣ илмҳои дақиқ, технологияи информатсионӣ ва дигар донишҳои заруриро мутобиқ ба талаботи замон аз худ намоянд.

Дар маҳаллаи Ховарон, ки навбунёд аст, норасоии муассисаҳои таълимӣ аз мушкилоти асосӣ ба ҳисоб мерафт. Фарзандони сокинони ин гӯшаи пойтахт то бунёди бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №9 барои таҳсил тақрибан 3 километр роҳро тай мекарданд.

Баъди мавриди истифода қарор гирифтани бинои таълимӣ имкон фароҳам шуд, ки хонандагон дар шароити замонавӣ ба омӯзиш фаро гирифта шаванд ва оянда ҳамчун кадрҳои лаёқатманду хештаншинос барои давлату миллат хизмат намоянд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки бунёди ҷомеаи солиму рушдёфта ба рушди илму маориф вобастагии зич дорад. Бо назардошти ҳамин Ҳукумати кишвар солҳои охир барои илму касбомӯзӣ ва таълиму тарбияи насли наврас тамоми шароитро фароҳам овардааст. Ифтитоҳи бинои нави муассисаи таълимӣ фараҳи хонандагонро афзун намудааст ва омӯзгорон иброз доштанд, ки дар посух ба дастгириву таваҷҷуҳи пайвастаи Роҳбари давлат нисбат ба соҳаи маориф аз имконияти замонавии фароҳамшуда барои таълиму тарбияи насли наврас мақсаднок истифода мекунанд.

Ҳамзамон муассисаи таълимӣ дорои китобхонаи электронӣ бо 50 компютер, китобхонаи анъанавӣ бо 120 ҷойи нишаст, ошхона барои 250 нафар дар як вақт ва толори варзишӣ мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки дар тамоми муассисаҳои таълимии пойтахт ба дарс омадану рафтани хонандагон тариқи воситаҳои электронӣ зери назорат гирифта шавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгоронро ба истифодаи босамар аз шароити фароҳамшуда, таълиму тарбияи дурусти насли наврас, талқини сулҳу дӯстӣ ва ба воя расонидани кадрҳои лаёқатманд ҳидоят намуданд.

   

Ҳамзамон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар арафаи соли нави хониши 2024-2025, дар хиёбони Рӯдакии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бинои нави хуштарҳу замонавии Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи Малика Собирова ва Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқуловро, ки ҳарду дар як бинои муҳташам ҷойгир шудаанд, мавриди истифода қарор доданд.

Иншоот дар доираи татбиқи сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар доираи иқдомҳои бунёдкорӣ ҷиҳати истиқболи шоиста аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар заминаи иншооти ёрирасони Муассисаи давлатии “Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ” бо усули баланди меъморию шаҳрсозӣ бунёд гардидааст. Бино аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, аз синфхонаҳои кушоду барҳавои дарсӣ, утоқҳои муҷаҳҳази корӣ, тамрингоҳҳо, маҷлисгоҳ, ошхона бо 56 ҷойи нишаст ва дигар иншооти муосири ёрирасон иборат аст. Маҷлисгоҳи бино дорои 126 ҷойи нишаст буда, барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангии муассисавӣ ва консертҳои хурди санҷишӣ мувофиқ аст.

Зимни боздид ва муаррифӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ дода шуд, ки аз теъдоди умумии утоқҳои корию синфхонаҳои дарсӣ, ки шумораашон ба 90 адад мерасад, 42 синфхона бо 140 ҷойи нишаст ба Коллеҷи ҷумҳриявии хореографии ба номи Малика Собирова ва 48 синфхона бо 320 ҷойи нишаст ба Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов рост меояд, ки ҳамагӣ мутобиқ ба стандартҳои замони муосир сохта шудаанд.

Дар баробари утоқҳои корию синфхонаҳои муосир, ҳамчунин Коллеҷ дорои 8 толори барҳавои рақс барои жанрҳои гуногун пешбинӣ гардида, шароити таълим дар муассисаи мазкур ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида шудааст. 

Лоиҳаи бино тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 9 декабри соли 2021, аз ҷониби гурӯҳи лоиҳакашии Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе таҳия гардида, корҳои сохтмониро Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Авитсена” сомон додааст. Намои берунаи бино ба Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ шабоҳат дошта, бо назардошти иншооти ёрирасон масоҳати он 3600 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, масъулинро ҷиҳати тарбияи дурусти насли наврас дар роҳи ватандорию ифтихор аз он ва омода сохтани кадрҳои болаёқат дар самти фарҳангу санъат ҳидоят намуданд. Сарвари давлат нақши Малика Собирова ва Аҳмад Бобоқуловро дар рушд ва пешрафти фарҳанги миллати тоҷик бузург хонда, ҳаёт ва фаъолияти ин ду шахсияти барҷастаро барои насли имрӯз намунаи ибрат арзёбӣ намуданд.

Қобил ба зикр аст, ки Муассисаи давлатии «Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи Малика Собирова» соли 2003 таъсис дода шуда, дар он  мутахассисони касбии соҳаи хореография барои ансамблҳои рақсӣ ва Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ тайёр карда мешаванд. Дар коллеҷ се шуъба - рақси классикӣ, рақси халқӣ ва рақси муосир фаъолият дошта, машғулиятҳо бо ҷалби омӯзгорони соҳибмактаб амалӣ карда мешаванд. Ҳоло дар Коллеҷ зиёда аз 100 нафар хонанда ва донишҷӯ таҳсил менамоянд.

Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов аз зумраи муассисаҳои фарҳангиест, ки дар тарбия ва омодасозии кадрҳои соҳаи фарҳанг нақши бориз дорад.

Муассиса соли 1945 ҳамчун омӯзишгоҳи мусиқӣ ташкил ёфта, баъдан бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2014 ба Муассисаи давлатии «Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов» табдили ном кард.

Қобили зикри хос аст, ки ҳар ду муассисаи фарҳангӣ, ки нақшашон дар тарбия ва омодасозии кадрҳои соҳибкасб хеле назаррас аст, то ин дам дар биноҳое фаъолият доштанд, ки ба талабот ҷавобгӯ набуд. Дар баробари ин, одитарин тамрини рақс ва ё сохтани як оҳангу суруд барояшон мушкилӣ пеш меовард. Ҳамакунун бо фаъол гардидани бинои муҳташами замонавӣ ва ин ҳам дар арафаи истиқбол аз рӯзи дониш ба ин ҳама мушкилиҳо нуқта гузошта шуд. Коллективи бисёрнафараи Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи Малика Собирова ва Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов аз ин туҳфаи Роҳбари давлат изҳори қаноатмандӣ намуда, ваъда доданд, ки минбаъд фаъолиятро дар ин самт беҳтару хубтар мекунанд ва дар рушди фарҳанг ва татбиқи нақшаву ҳадафҳои Ҳукумати кишвар нақши арзандаи худро хоҳанд гузошт.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли ҳунару тарбиятгирандагони муассисаҳои мазкур барои дастгирии сиёсати давлат ба онҳо изҳори миннатдорӣ намуда, дастур доданд, ки минбаъд низ фаъолиятро дар низоми мазкур хуб ба роҳ монда, дар омодасозии наврасону ҷавонони ояндадор барои дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ сохтани фарҳанги миллӣ нақши назаррас гузоранд. Зеро фарҳанг ҳастии миллат буда, рушди он аз устувории давлати соҳибихтиёр шаҳодат медиҳад.

Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14 мавриди истифода қарор дода шуд.

Акнун фарзандони сокинони маҳаллаҳои наздики ноҳияи Фирдавсӣ дар мактаби ҳозиразамон, ки аз 5 бинои 3 ошёна ва 58 синфхонаи кушоду барҳаво иборат мебошад, соли нави хонишро оғоз менамоянд.

Иншооти соҳаи маориф ва илм, ки барои 2 ҳазору 400 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст, дар доираи сиёсати маорифпарваронаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри дар шароити муосир ба таҳсил ва илмомӯзӣ фаро гирифтани ҷавонону наврасон бунёд гардидааст.

Фармоишгари иншоот Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ» - и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, корҳои сохтмонӣ аз тарафи мутахассисону кормандони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “БДМ” ва “Самар - ДСМ” дар муҳлати муайян ба анҷом расид.

Масоҳати умумии замини муассиса беш аз 2 гектар буда, майдони зери сохтмон 9 ҳазору 468 метри мураббаъ мебошад.

Ҳар як синфхонаи таълимӣ бо мизу курсии нав ва дигар аёниятҳои хониш муҷаҳҳаз буда, барои тарбияи дурусти хонандагон беш аз 70 омӯзгори соҳибтахассус ба кор ҷалб шудаанд.

Синфхонаҳои компютерӣ дорои 80 компютери муосир ва дигар таҷҳизоти зарурӣ мебошанд.

Хонандагон метавонанд дар синфхонаҳои фаннии кимиёву физика ва биология бо озмоишгоҳ, синфхонаҳои таълими меҳнат барои духтарон ва писарон илмҳои дақиқу ҳунарҳои гуногунро аз бар намоянд.

Иншооти мазкур ҳамзамон дорои маҷлисгоҳи калон бо 500 ҷойи нишаст, китобхона бо 120 ҷой, китобхонаи электронӣ бо 50 ҷойи нишаст, ошхона барои зиёда аз 280 нафар, синфхонаи инкишофи кӯдакон, ҳуҷраи тиббӣ ва синфхонаи омодагии дифои ҳарбӣ аст.

Толори маҷлисии мактаб кушоду барҳаво буда, барои гузаронидани чорабиниҳои сиёсӣ – тарбиявӣ ва фарҳангӣ - фароғатӣ бисёр мувофиқ мебошад.

Ҳамчунин барои ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш ва солимгардонӣ дар дохили муассиса як толор ва дар берун 2 майдончаи варзишии кушоду барҳаво сохта шудааст, ки ҷавобгӯйи талаботи замон аст.  

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14 агар аз як тараф дар самти баланд бардоштани савияи дониши муҳассилин саҳм гузорад, аз дигар ҷониб баҳри таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат намуд, зеро бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он беш аз 130 ҷойи нави корӣ фароҳам шуд.

Ҳуҷраҳои кории омӯзгорон, синфхонаҳои таълимӣ ва дигар иншооти ёрирасони муассиса ба системаи ягонаи гармидиҳӣ пайваст мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар мактаби замонавии навбунёд ба масъулон ҷиҳати дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудани насли ҷавону наврас ва иштироки фаъолонаи онҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Ифтитоҳи чунин як муассисаи зебову дорои шароити муосири таълиму тарбия дар арафаи соли нави таҳсили 2024 – 2025 туҳфаи арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фарзандони сокинони ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе арзёбӣ гардид.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Маяковскии ноҳияи Синои пойтахт бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-ро мавриди истифода қарор доданд.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо тарҳи хеле зебо ва мувофиқ ба стандартҳои байналмилалӣ бунёд шуда, дар арафаи соли нави хониш тӯҳфаи арзанда барои омӯзгорону хонандагони ин муассиса номида шуд.

Иншоот бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Баҳриддин Ҷурахонов дар масоҳати умумии 11 ҳазор метри мураббаъ замин бунёд гардида, барои 2600 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.  

Ин 4-умин муассисаи таълимӣ аст, ки бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Баҳриддин Ҷурахонов сохта ба истифода дода шуд. Соҳибкор боз уҳдадор гардид, ки як муассисаи нави таълимиро дар пойтахт бо фарогирии 4800 хонанда дар ду баст бунед намояд.

Корҳои сохтмонӣ дар иншоот аз ҷониби ҶДММ «Моҳир семент» бо ҷалби зиёда аз 100 нафар коргару мутахассиси маҳаллӣ дар муҳлати беш аз 1,5 сол бо сифати баланд ба анҷом расонида шуд.

Бино аз чор ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 57 синфхонаи замонавӣ ва озмоишгоҳҳои муосири фаннӣ мебошад.

Ҳамаи синфхонаҳои таълимӣ, аз ҷумла синфхонаҳои химия, биология, физика, география, математика, асосҳои кор бо компютер, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва ҳунаромӯзӣ бо технология ва воситаҳои муосир муҷаҳҳаз карда шудаанд.

2 синфхонаи ҳунаромӯзӣ, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъминанд, барои соҳибкасб намудани духтарону писарон саҳми калон мегузоранд.

Дар ин боргоҳи илму маърифат 67 омӯзгор ба таълиму тарбияи хонандагон машғул буда, раванди таълим ба воситаи 82 камераи мушоҳидавӣ, ки дар тамоми синфхонаҳо васлу насб карда шудаанд, пурра назорат карда мешавад.

Мактаб ҳамчунин дорои ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорон, китобхонаи анъанавӣ ва электронӣ, нуқтаи хизмарасонии тиббӣ, ошхона бо 250 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳ бо 440 курсӣ ва толори варзишӣ барои футбол, волейбол ва баскетбол мебошад.

Дар ҳудуди ин муассисаи таълимӣ ҳамзамон дар масоҳати 1196 метри мураббаъ майдончаи варзишӣ бунёд шудааст, ки дорои шароити мусоиди машқу тамрин аст.

Аснои шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои иҷрошуда баҳои баланд дода, ҳайати омӯзгоронро ба боз ҳам баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ҳидоят карданд.

Таъкид гардид, ки ба истифода додани чунин муассисаи таълимии дорои шароиту имконоти муосири таҳсил, аз ҷумла таъминот бо технологияи инноватсионӣ ва ба роҳ мондани роҳу усулҳои пешрафтаи таълим, бешубҳа ба болоравии сатҳи донишомӯзӣ ва тавсеаи ҷаҳонбинии хонандагон мусоидат намуда, ҷиҳати рушди қобилияти зеҳнӣ ва навоварии насли наврас заминаи воқеӣ мегузорад.

Минбаъд низ дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе сохтмону баистифодадиҳии мактабҳои нав ва биноҳои иловагӣ дар назар дошта шудааст, ки ин раванд сатҳи таълиму тарбия ва шароити илмомӯзиро боз ҳам беҳтар хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки танҳо дар ин рӯз бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти кишвар 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 7 ҳазору 400 хонанда дар ду баст ба истифода дода, 400 ҷойи кории нав муҳайё карда шуд.

 

Дар кӯчаи Шамсии ноҳияи Синои пойтахт бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Муассисаи давлатии «Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим» ифтитоҳ гардид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ин муассисаи таълимиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароити таҳсил ва омӯзиши нозукиҳои санъат дар иншооти тозабунёд аз наздик шинос шуданд.

Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим дорои шароити муосир барои омӯзиш ва аз худ намудани нозукиҳои санъати мусиқӣ ва рассомӣ буда, аз 4 ошёна иборат мебошад.

Иншооти мазкур дорои 61 синфхонаи барҳаво, 4 толори рақс, китобхона, маҷлисгоҳ, синфхонаҳои компютерӣ, ҳуҷраи таъмири созҳои мусиқӣ, толорҳои хурду калони консертӣ, осорхона, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

Бо истифода аз шароиту имконоти мусоид 30 нафар устодони моҳир ва соҳибтахассус ба шогирдон малакаи касбӣ ва таърихи санъату назарияи мусиқиро омӯзиш медиҳанд.

Дар иншооти мазкур бештар аз 500 нафар дар як баст ба таҳсил ва омӯзиши ҳунарҳои гуногун фаро гирифта мешаванд.

Дар маҷмуъ ҳайати омӯзгорон имкон доранд, ки дар нуҳ шуъбаи фаъолияткунанда навозиши фортепиано, созҳои нафасӣ, миллӣ, зарбӣ ва ҳам овозхонӣ, санъати тасвирӣ, маҳорати театрӣ ва дигар ҳунару истеъдодро ба шогирдон омӯзонанд.

Дар доираи сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол ба сол бунёди иншооти фарҳангӣ, махсусан таълимгоҳҳо, зиёд гардида, амалӣ кардани чунин тадбир дар рушди мусиқии тоҷик, баланд бардоштани сатҳи маърифату фарҳанги аҳолӣ ва ҳисси миллии шаҳрвандон нақши муносиб мегузорад.

Мавриди зикр аст, ки корҳои сохтмонӣ дар Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим моҳи марти соли 2023 оғоз гардида, фармоишгар Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и шаҳри Душанбе, пудратчӣ ҶДММ «СТС ИНШООТ» мебошад ва корҳои лоиҳакашӣ аз ҷониби ҶДММ «Муҳандис-лоиҳакаш» сурат гирифтааст.

Ба бунёди иншооти мазкур 136 нафар мутахассисони маҳаллӣ ҷалб гардида, корҳои сохтмонӣ бо истифода аз масолеҳи баландсифати ватанӣ анҷом дода шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба масъулини дахлдор дастур доданд, ки барои дар ояндаи наздик ба роҳ мондани омӯзиши ҳунарҳои ҳайкалтарошӣ, кулолгарӣ, гулдӯзӣ ва кандакорӣ тадбирҳои ҷиддӣ роҳандозӣ намоянд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзгорон ва масъулини соҳа дастур доданд, ки ба наврасону ҷавонон ҳама нозукиҳои фарҳангу санъатро омӯзонанд, то онҳо тавонанд муаррифгари шоистаи санъати мусиқии тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ бошанд.

Ҳамчунин дастур дода шуд, ки наврасону ҷавонони дорои ҳунару истеъдод аз дигар муассисаҳо ба омӯзиш дар ин муассиса ҷалб карда шаванд, то аз беҳтарин шароиту имкониятҳои дар ин ҷо фароҳамшуда васеъ истифода намоянд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар барномаи консертии доирнамудаи тарбиятгирандагони Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим иштирок намуданд.

Барномаи рангини фарҳангӣ, ки бо истифода аз созҳои мусиқии миллӣ ва муосир, инчунин оҳангу сурудҳои ватандӯстонаву муаррифгари фарҳанги волои миллати тоҷик пешкаш гардид, хеле ҷолибу диданӣ арзёбӣ шуд.


                                                                       https://prezident.tj/