Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ
628

Чоп кардан

Дар натиҷаи наздик шудани тӯфони Шаншан дар Ҷумҳурии Ҷопон беш аз 230 парвоз лағв гардид. Тибқи иттилои нашр гардида 28-уми август ширкати “Japan Airlines” 82 адад парвози дохилӣ, 29-уми август 60 адад парвози дохилӣ ва 6 адад парвози байналмилалиро, ширкати “All Nippon Airways (ANA)” аз 28-уми то 30-уми август 80 адад парвозро, ширкатҳои “Skymark”, “Solaseed Air” ва “Peach Aviation” 9 парвозро лағв намуданд.

***

Ширкати ҳавопаймоии Ирландия “Ryanair” шумораи ҳавопаймоҳои воқеъ дар Фурудгоҳи байналмилалии Берлин-Бранденбургро аз 9 то 7 адад коҳиш дод. Тибқи изҳорот, ширкат парвози 6 хатсайрро аз фурудгоҳи Берлин лағв намуда, диққати хуро ба Италия, Испания ва Полша равона менамояд. Аз оғози соли ҷорӣ сармояи ширкати “Ryanair” 16,25% коҳиш ёфт, ки тақрибан 17 миллиард евроро ташкил дод.

***

Полиси Ҷопон ба истифодаи дронҳои муҷаҳҳаз бо технологияи зеҳни сунъӣ (AI)-ро барои мубориза бо ғоратгарон дар минтақаҳои аз офат зарар дида шурӯъ менамояд. Ин иқдом бо мақсади ҷилавгирӣ аз ҳодисаҳои ғоратгарӣ дар минтақаҳои офати табиӣ, ки дар Ҷопон пас аз заминларзаи солҳои 2011 ва 2024 рух дода буд, амалӣ мегардад.

***

Аз 4-уми сентябри соли 2024 ширкати ҳавопаймоии Ҷумҳурии Мардумии Чин “North-Western Cargo International Airlines” парвозҳои боркашониро аз Сиан ба Тошканд оғоз менамояд. Қарор аст, ки ҳамлу нақли ҳавоии бор дар масири Сиан - Тошканд - Сиан тавассути ҳавопаймоҳои Boeing 757-200 бо иқтидори борбардории то 25 тонна анҷом дода шавад. Дар марҳилаи аввал парвозҳо ҳафтае як маротиба ва баъдан се маротиба дар як ҳафта сурат мегиранд.

***

Дар Федератсияи Россия системаи назорати моддаҳои хатарнок дар ҳаворо бо истифода аз ҳавопаймои бесарнишин таҳия намуданд, ки на танҳо тағйироти таркибии атмосфераро қайд менамояд, балки қодир аст харитаи ифлосшавии атмосфераро тартиб дода, тақсимоти онро пешгӯй намояд.

***

Бо мақсади ифтитоҳи парвози мустақим байни ду кишвар мутахассисони Идораи федералии авиатсияи граждании (FAA) ИМА санҷиши омодагии Ҷумҳурии Қазоқистонро оғоз намуданд, ки ифтитоҳи он дар охири соли 2025 пешбинӣ мегардад. Таҳлили ҳамаҷонибаи вазъи низоми авиатсияи граждании Ҷумҳурии Қазоқистон аз 26-ум то 30-юми августи соли ҷорӣ идома ҳоҳад намуд. Пас аз бомуваффақият анҷом додани аудити FAA ва интиқоли ҳавопаймои Boeing 787 Dreamliner ба Қазоқистон, ки соли 2025 пешбинӣ мегардад, парвозҳои мустақим аз Қазоқистон ба ИМА оғоз мешавад.

***

27-уми августи соли ҷорӣ дар чаҳорчӯбаи сафари расмии намояндагони ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Приморе маросими расмии имзои Созишномаи ҳамкорӣ ва табодули таҷриба миёни Фурудгоҳи байналмилалии Владивосток ва Харбин Тайпин баргузор гардид, ки ба ифтитоҳи хатсайрҳои нави байналмилалӣ ва рушди соҳаи сайёҳӣ байни кишварҳо равона гардидааст.

***

Ширкати “Air Astana” ба ду шаҳри Арабистони Саудӣ - Ҷидда ва Мадина парвозҳои мунтазами мустақимро оғоз менамояд. Тибқи иттилоъ, ширкат аз 1-ум то 28-уми октябри соли 2024 ба ғайр аз хатсайри мавҷудаи Алмаато-Ҷидда парвози мунтазами мустақимро аз Чимкент ба Ҷидда оғоз намуда, аз 28-уми октябр шумораи парвозро дар масири Чимкент-Ҷидда ба самти нав Чимкент-Мадина иваз менамояд.

***

26-уми августи соли 2024 дар Монреал (Канада) бо иштироки Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Қазоқистон, Президенти Шӯрои ICAO, Дабири кулли ICAO ва роҳбарони мақомоти авиатсионии кишварҳои аъзои ICAO Намояндагии доимии Ҷумҳурии Қазоқистон дар назди ICAO ифтитоҳ ёфт. Ёдовар шуд, ки аз 25-ум то 28-уми августи соли 2024 Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Қазоқистон дар Конфронси 14-уми аэронавигатсия (AN-Conf/14)-и ICAO дар Монреал ширкат варзида, бо Президенти Шӯрои ICAO Салваторе Ссиаккитано ва Дабири кулли ICAO Хуан Карлос Салазар мулоқот анҷом дод. Пас аз мулоқот бо роҳбарияти ICAO Созишнома оид ба пешниҳоди хизматрасониҳои идоракунӣ ба имзо расид, ки ҳадафи он истифодаи таҷриба ва захираҳои ICAO барои дастгирии Қазоқистон ва созмонҳои авиатсионӣ дар расидан ба ҳадафҳо, рушди нишондиҳандаи хизматрасонии техникӣ ва риояи меёрҳои байналмилалии авиатсионӣ мебошад.

***

27-уми август дар маркази таъмири чарх ва муҳаррик дар Атланта ду корманди ширкати “Delta Air Lines” ҳалок ва як нафари дигар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштанд.

***

Ширкати “KLM” аввалин ҳавопаймои Airbus A321neo-ро ба парки худ интиқол намуд.

***

Аз 24-уми август то ин ҷониб фаъолияти Фурудгоҳи байналмилалии Сиэтл-Такома қатъ гардида, роҳи ҳалли мушкилӣ пешниҳод нагардидааст. Тибқи иттилои роҳбарият ва мақомоти маҳаллӣ сабаби ин ҳолат эҳтимоли ҳамлаи киберӣ мебошад.

***

Дар фурудгоҳи миллии Минск барои фарзандони кормандони соҳаи авиатсия экскурсия баргузор гардид.

***

(Манбаъ: AVIA.RU, Aviation Explorer, Aviation Source News, Simple Flying, КВД “Қазаэронавигатсия”, https://news.mail.ru/tag/306/)