БАРНОМАИ МИЛЛИИ БЕХАТАРИИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2025-2030 ҚАБУЛ ГАРДИД
29-уми августи соли 2024 дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030” қабул гардид.
Тавре ки хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ медиҳад, ҳадафи барномаи мазкур таъмини бехатарии мусофирон, ҳайати парвозӣ, кормандони рӯйзаминӣ, ҳифзи иншооту инфрасохтори фурудгоҳҳо ва самаранокии мунтазами парвозҳои байналмилалии авиатсияи гражданӣ мебошад.
“Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030” аз ҷониби Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда, дар мувофиқа бо дигар вазорату идораҳои марбутаи мамлакат ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод гардид.
“Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030” инчунин ба боло бурдани нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва афзудани эътимоднокии шарикони хориҷӣ барои ҳамкории судманду шаффоф вобаста ба таъмини бехатарии авиатсионӣ дар соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.