Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

100 – СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ АВИАТСИЯИ МИЛЛӢ МУБОРАК!

100 – СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ АВИАТСИЯИ МИЛЛӢ МУБОРАК!
615

Чоп кардан

Бахшида ба Рӯзи таъсисёбии авиатсияи гражданӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати роҳбарият ва кормандони Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаҳои авиатсионии кишвар, ширкатҳои ҳавопаймоии ватаниву хориҷӣ, собиқадорони соҳа ва меҳмонон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид.

Дар суханронии табрикотии худ директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло ҳозиринро бо 100 – солагии Рӯзи таъсисёбии авиатсияи Тоҷикистон табрику таҳният намуд.

Сипас муовини Сарвазири мамлакат Усмонзода Усмоналӣ ҳозиринро бо Иди касбии кормандони соҳаи авиатсияи миллӣ табрик намуда, аз роҳи тай намудаи соҳа, дастоварҳои назарраси авиатсияи миллӣ тоҷик дар даврони Истиқлоли давлатӣ ёдовар шуд. 

              

Зимнан қайд гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаи авиатсияи миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушд намуда, ҳамкориҳои судманд дар соҳаи авиатсия ва алоқаи ҳавоӣ бо кишварҳои мухталифи ҷаҳон тақвият ёфт.

Дар заминаи таҷдид ва модернизиатсияи инфрасохтор, иншоот ва базаи моддиву техникӣ, сатҳу сифати хизматрасонӣ тариқи фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботҳои Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO) мувофиқ гардид. 

Дар ҳамин замина ёдовар бояд шуд, ки Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” дар рушди соҳаи авиатсияи граждании тоҷик нақши калидӣ дошта, яке аз вазифаҳои дар душ доштаи он – таъмини бехатарии парвозҳо дар ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани вазифаи худ, таҳти роҳбарии дурбинонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти корхона барои модернизиатсия, таҷдид, дастрас ва васлу насб намудани таҷҳизот ва системаҳои муосири аэронавигатсионӣ чораҳои саривақтиро роҳандозӣ менамояд.Иқдомҳои амалӣ гардида боиси баланд гардидани нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи авиатсияи ҷаҳон гардида, КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар баробари ICAO, IATA ба узвияти як қатор созмон ва ташкилотҳои минтақавӣ ва байналмиллалии аэронавигатсонӣ, аз ҷумла CANSO, SOCEA ва ғайра, гардид.

   

Дар баробари таъмини бехатарии парвозҳо, пешниҳоди хизматрасонии аэронавигатсионӣ корхона дар ифтитоҳи долонҳои нав ва васеъ гардидани ҷуғрофияи парвозҳо, ба кишвари транзитӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз ҳадафҳои аввалиндараҷаи роҳбарияти олии Ҳукумат ва давлати ҷумҳурӣ мебошад, мусоидат намуда истодааст. Ифтитоҳи долони нав байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ПОМИР-АГВУТ мисоли ин гуфтаҳо мебошад.

Минбаъд низ роҳбарият ва кормандони КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар доираи сиёсати “дарҳои боз” ва “ба кишвари транзитӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон” тамоми донишу малакаи худро дар самаранок истифода бурдани иқтидорӣ авиатсионӣ ва аэронавигатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини бехатарии парвозҳо ва рушди иқтисоди миллӣ равона менамояд.

Дар идомаи чорабинӣ кормандони соҳа бо мукофотҳои давлатӣ, нишони сарисинагӣ, ифтихорнома ва сипоснома сарфароз гардонида шуданд.

Аз фурсати муносиб истифода бурда КВД “Тоҷикаэронавигатсия” кормандон ва собиқадорони соҳаи авиатсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо 100 – солагии Рӯзи таъсисёбии авиатсияи миллӣ ва Рӯзи касбии кормандони авиатсияи гражданӣ табрику таҳният намуда, осмони софу беғубор, рӯзгори ободу осуда ва бурдбориҳои касбӣ, парвозҳои бехатар дар қуллаҳои навро таманно менамояд! 

 

 Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”