Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

100 СОЛИ ПУРҒАНОВАТИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ МУБОРАК!

100 СОЛИ ПУРҒАНОВАТИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ МУБОРАК!
814

Чоп кардан

Ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 100 – солагии таъсисёбии Рӯзи авиатсияи гражданӣ дар КВД “Тоҷикаэронавигатсия” бо иштироки роҳбарият, кормандон ва собиқадорони соҳа баргузор гардид

Сараввал директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Лоиқ Бегиҷонзода кормандон ва собиқадорони соҳаро бо санаҳои таърихӣ табрик намуда, аз нақши истиқлол дар рушди соҳаи авиатсия ва аэронавигатсия ёдовар шуд.

“Дар давоми 7 соли охир бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ташаббусу иқдомҳои роҳбарияти корхона таҷҳизотҳои соҳаи аэронавигатсионӣ таҷдид гардида, барои фаъолияти пурсамари мутахассисон ва таъмини парвозҳои бехатар шароити муосир муҳайё ва ҷуғрофияи парвозҳо васеъ гардид. Самараи ин ҳама дастгириҳо ифтитоҳи долонҳои нави ҳавоӣ байни Ҷмуҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Ҷин ПОМИР–АГВУТ мебошад, ки як қадами устувор ба кишвари транзитӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад”, – зикр намуд дар суханронии худ Лоиқ Бегиҷонзода.

 

Ҳангоми сухан дар бораи соҳаи авиатсия меравад, масъалаи муҳим ин таъмини бехатарии парвоз аст. Таъмини бехатарии парвоз дар ҳарими ҳавоии кишвар ба дӯши Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” гузошта шуда, аз аввалин рӯзи таъсисёбии худ корхона то ин ҷониб дар қонеъ гардонидани талаботи истифодабарандагони фазои ҳавоӣ, таъмини бехатарии парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ва хориҷӣ, дар минтақаҳои фурудгоҳҳои авиатсияи гражданӣ ва дар минтақаҳои амалиёти авиатсионӣ дар доираи масъулият дар худуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд. Дар баробари таъмини хизматрасонии аэронавигатсионӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе корхона дар шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар филиалҳои худро дошта, бехатарии парвозҳоро дар тамоми ҳарими ҳавоии ҷумҳурӣ таъмин менамояд.

Дар даврони солҳои фаъолияти худ корхона на танҳо дар баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии аэронавигатсионӣ, балки дар рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ, ифтитоҳи долонҳои нав ва васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо, ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо ташкилот ва созмонҳои бонуфузи соҳа мусоидат менамояд.

Санаи 27 июни соли 2019 Манораи нави назоратӣ-танзимнамоии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки он ҳамарӯза дар банақшагирӣ ва ҳамоҳангсозии истифодаи фазои ҳавоӣ, хизматрасонии маълумоти парвозӣ, машваратӣ, танзимгарӣ, огоҳсозии садамавӣ ва назорати риояи қоидаҳои истифодабарии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир ва мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалии аэронавигатсионӣ мусоидат намуд. Ҳамзамон манора ба танзимгарон имкон дод, ки фаъолияти худро бо истифода аз таҷҳизотҳои замонавӣ мутобиқи талабот ва стандартҳои авиатсияи гражданӣ ва ICAO ба роҳ монанд. Инчунин бинои нави замонавӣ бо утоқҳои корӣ, тамрин ва омӯзишӣ шарту шароити танзимгаронро беҳтар намудааст.

Сипас собиқадорони соҳа ба сухан баромада ёдовар шуданд, ки маҳз Истиқлоли давлатӣ буд, ки имрӯз соҳаи авиатсияи тоҷик ба қуллаҳои нав расида, таъмини хизматрасонии аэронавигатсионӣ мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ гардидааст.

Собиқадори соҳа Анвар Махсудов доир ба таърихи таъсиси КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ёдовар шуда, изҳор намуд, ки соҳибихтиёрӣ имкони беҳтар гардидани фаъолиятро фароҳам оварда, васлу насби таҷҳизотҳои муосири соҳа, баланд гардидани сатҳи хизматрасонӣ шуд.

Дар суханронии худ роҳбари Дастгоҳи директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Зафар Аҳмадзода ёдовар шуд, ки авиатсияи граждании кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ рушд намуда, барои фаррох гардидани ҷуғрофияи парвозҳо мусоидат намуд.

Раиси Иттифоқи касабаи КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Исроил Нуралиев қайд намуд, ки авиатсияи гражданӣ яке аз соҳаҳои стратегии иқтисоди кишвар буда, дар тӯли 33 соли Истиқлолияти давлатӣ бо дастгириҳои роҳбарияти Ҳукумати мамлакат, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

   

Дар ҳамин замина, дар маросими тантанавӣ сарфароз гардидани сардори Раёсати таъминоти радиотехникии парвозҳо ва алоқаи барқии авиатсионии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Ашраф Зайдуллоев бо медали “Хизмати шоиста” аз ҷониби боиси ифтихор номида шуд, ки таваҷҷуҳи Ҳукумати кишварро дар дастгирии мутахассисони соҳа нишон медиҳад.

Байни кормандон ва собиқадорони соҳа мулоқоти озоду самимӣ доир гардида, аз мутахассисони ҷавон даъват ба амал оварда шуд, ки рисолати худро барои таҳкими истиқлоли давлатӣ, ҳифзи он ва пойдевории сулҳу субот равона намуда, дар иҷрои вазифаи худ содиқ бошанд.     

Дар доираи таҷлили 100-солагии Рӯзи таъсисёбии авиатсияи гражданӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқадорон, мутахассисони пешқадам ва таҷрибадорӣ соҳа бо ифтихорнома, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

   

Бо мақсади аз наздик шинос гардидан бо шароити муосири раванди таъмини хизматрасонии аэронавигатсионӣ собиқадорони соҳа аз манораи муназзимӣ, утоқҳои корӣ ва таълимӣ дидан намуда, бо мутахассисони ҷавон мубодилаи афкор намуданд. 

     

 Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”