Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

Иди модар муборак!

Иди модар муборак!
1 102

Чоп кардан

БОНУВОНИ АЗИЗУ МЕҲРУБОН!

Шуморо  ба муносибати иди фархундаи баҳору зиндагӣ – Иди модар – аз сидқи дил табрику таҳният намуда, бароятон шукуфоии тамоми умеду орзуҳо, каромату марҳамати беандозаи ёру ақрабо, армоншиканиҳои пайваста, саъодату фараҳмандии побарҷои шаҳдово ва баракату офияти хонаводагии беолоишу  хуҷаста таманно дорам!

Танҳо ба шарофати  Шумо буду набуди мо ҳусн ва  ҷилои рангин ва булуғу фасоҳат гирифта, файзбор мегардад ва мислатон мунаввару зебову  атрогин мегардад! Бошад, ки аз ҳусну молоҳататон ҷоми шодобии мо саршор ва аз ақлу фаросататон хонаамон ободу рӯзгорамон фараҳбор!


Зан маҳу ахтар ва шеди ховар аст,
Зан занасту модарасту хоҳар аст!
Гармии дилҳо зи рӯйи гарми ӯст,
Бар ҳама сардии умр тобовар аст!
Рӯйи гарми зан, ки оташхона аст,
Зеби дунё, зеби ҳар кошона аст!
Бе ӯ маъное наорад зиндагӣ,
Шаҳрзоди олами афсона аст!


БОРИ ДИГАР, БОНУВОНИ АЗИЗУ МЕҲРУБОН, ИДАТОН  МУБОРАК!


Бо камоли эҳтиром,

Директори генералии КВД «Тоҷикаэронавигатсия»

Л.Б.Ашуров