Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ
440

Чоп кардан

Субҳи имрӯз пас аз ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишин дар вилояти Москва парвозҳо ба фурудгоҳҳои Внуково, Шереметево ва Домодедово ба таъхир афтоданд.

***

Собиқ сардори NASA Чарлз Болден изҳор намуд, ки умедвораст ИМА, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҷодаи кайҳон ҳамкорӣ менамоянд, ки ин имкони роҳандозии муштарак ва дастрасии байналмилалӣ ба комплексҳои соҳаро фароҳам меорад.

***

Бо ҷалби сармоягузории Қатар сохтмони маҷмааи терминали нави фурудгоҳи Атирауи Қазоқистон дар соли 2026 ба анҷом мерасад. Тибқи иттилои масъулин сохтмон соли 2025 оғоз гардида, ҷалби сармоя бо маблағи 50 миллион доллари ИМА пешбинӣ мегардад. Майдони маҷмааи фурудгоҳи нав 16500 метри мураббаъ хоҳад буд.

***

Аз 27-уми октябри соли ҷорӣ ширкати “Uzbekistan Airways” парвози мустақимро байни Тошканд ва Гоа дар як ҳафта ду маротиба оғоз менамояд.

***

Вазорати дифоъи Ҳиндустон бо ширкати “Hindustan Aeronautics Limited” (HAL) барои таҳвили 240 адад муҳаррики ҳавопаймои AL-31FP барои ҳавопаймоҳои Су-30МКИ ба маблағи беш аз 26 миллиард рупия (310 миллион доллари ИМА) қарордод имзо намуд.

***

Дар натиҷаи хуруҷи бемории Мрох дар Африқо муоинаи тиббии мусофирони воридшаванда дар фурудгоҳҳои Ҳиндустон пурзӯр мегардад.

***

Оғоз аз соли 2025 дар Қувваҳои Мусаллаҳи Лаҳистон бозрасии ҳавопаймоҳои бесарнишин таъсис дода мешавад.

***

Нархи чиптаҳои ҳавопаймо дар дохили Федератсияи Россия дар пасманзари талабот дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ қариб 20% боло рафт.

***

Бо мақсади пешгирӣ аз корпартоии кормандони ширкати “Boeing” маоши 33 ҳазор коргарро 25%, ки дар таърихи ширкат ин фоизи рекордӣ мебошад, афзоиш медиҳад. Илова бар ин, ба ҳар корманд пардохти якдафъаина бо маблағи 3 ҳазор доллари ИМА пардохт мегардад.

***

Роҳбарияти КВД Маркази “Узаэронавигатсия” дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон 6-уми сентябри соли 2024 бо роҳбарияти Корхонаи давлатии “Қирғизаэронавигатсия” гуфтушунид анҷом дода, дар натиҷа Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид, ки ҳадафи асосии он таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва густариши ҳамоҳангсозии мутақобила дар самтҳои гуногуни хизматрасонии аэронавигатсионӣ мебошад.

***

6-уми сентябри соли ҷорӣ ширкати боркашонии Тайланд “K-Mile Asia” ҳавопаймои Boeing 767-300ER-ро, ки ба ҳавопаймои боркашонӣ табдил дода шудааст ба фурудгоҳи Суварнабхуми Бангкок интиқол дод, ки ҳавопаймои мазкур аз моҳи октябр ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҳиндустон ва самтҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ хизматрасонии боркашониро анҷом медиҳад.

***

Ширкати “HAECO” таъмин намудани хизматрасонии асосии нигоҳдории техникии ҳавопаймоҳои Airbus A321-и ширкати “Philippine Airlines”-ро оғоз намуд.

***

Аз 18-уми декабри соли 2024 ширкати “Turkish Airlines” парвозро ба Сантяго, пойтахти Чили, бо 4 парвоз дар як ҳафта оғоз менамояд.

***

Ширкати “China Eastern Airlines” хизматрасонии электронии “Eastern E-Services”-ро дар фурудгоҳи Шанхай Пудун ҷорӣ намуд, ки барои сайёҳон роҳи пурраи ҳалли ҳуҷҷатҳоро аз байн бурда, хизматрасонии рақамиро пешниҳод менамояд.

***

Аз 2-юми июни соли 2025 ширкати “Etihad Airways” парвозҳои мустақимро ба Варшава (Полша) ва Прага (Чехия) оғоз менамояд.

***

Аз моҳи марти соли 2025 ширкати “Malaysia Airlines” парвози мустақимро ба Париж барқарор менамояд. Ҳамзамон аз моҳи марти соли 2025 ширкати “Air New Zealand” парвози мустақими мавсимии худро ба Сеули Кореяи Ҷанубӣ роҳандозӣ менамояд.

***

Ширкати ҳавопаймоии Арабистони Саудӣ “Flyadeal” ҳавопаймои Airbus A320neo-ро ба парки худ интиқол намуд, ки шумораи умумии онҳо ба 34 адад расид.

***

Дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии “Matta Fair” дар Куала-Лумпури Малайзия ширкати “Uzbekistan Airways” бо ширкати “Malaysia Airlines” дар бораи тавсеаи созишномаи “Мубодилаи рамзҳо - Code-share” ба мувофиқа расиданд.

***

(Манбаъ: AVIA.RU, Aviation Explorer, Aviation Source News, Simple Flying, China Southern Airlines, https://news.mail.ru/tag/306/, Uzbekistan Airways, КВД Маркази “Узаэронавигатсия”)