Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ХАТСАЙРҲОИ НАВ ДАР ҲАРИМИ ҲАВОИИ ДУ КИШВАР

ХАТСАЙРҲОИ НАВ ДАР ҲАРИМИ ҲАВОИИ ДУ КИШВАР
723

Чоп кардан

Дар доираи Ёддошти ҳамкорӣ байни КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ва КВД Маркази “Узаэронавигатсия” гурӯҳи кории КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ба Ҷумҳурии Узбекистон сафар намуданд. Ҳадафи сафар ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқ намудани нақша чорабинии дар доираи ёддошти мазкур мувофиқашуда ба ҳисоб меравад.

Санаи 11-уми сентябри соли ҷорӣ гурӯҳи корӣ вохӯрии дуҷониба баргузор намуда, ҳамзамон аз Маркази идоракунии ҳаракати ҳавоии Тошканд, манораи муназзимӣ ва Бахши шаҳрвандии маркази асосӣ дидан намуданд. 

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои мубодилаи иттилооти зарурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ифтитоҳи хатсайрҳои нави ҳавоӣ дар ҳарими ҳавоии ду кишвар баррасӣ гардид.

Ёдовар бояд шуд, ки Ёддошти ҳамкорӣ байни КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ва КВД Маркази “Узаэронавигатсия” 13-уми августи соли 2024 аз ҷониби директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Бегиҷонзода Лоиқ Бегиҷон ва директори КВД Маркази “Узаэронавигатсия” Джумаев Дониёр Ибрагимович ба имзо расида буд.

                                                                                Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”