Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

Мулоқот бо котиби давлатии вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Фаронса

Мулоқот бо котиби давлатии вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Фаронса
2 775

Чоп кардан

Зимни сафари расмӣ ба ҷумҳуриамон Котиби давлатии Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Фаронса Жан-Батист Лемуан 18-уми апрели соли ҷорӣ ба КВД “Тоҷикаэронавигатся” ташриф овард. Ба ҳайати расмии Ҷумҳурии Фаронса ҳамчунин Сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар ва як қатор меҳмонони олиқадр аз вазорату корхонаҳои мухталифи ин кишвар шомил буданд. Дар мулоқоти мазкур ҷониби Тоҷикистонро, ба ҷуз Директори генералии корхона Ашуров Лоиқ Бегичонович,  Директори Агентии авиатсияи гражданӣ ҶТ Субҳонзода Икром ва  Муовини вазири корҳои хориҷии кишвар  Ҳусейнзода Музаффар Маҳмурод намояндагӣ намуданд. Ҷонибҳо зимни мулоқот масоили марбут ба дӯстии дуҷонибаи кишварҳо ва  тақвияти ҳамкориҳо дар самти рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ ибрози назар карданд. Пасон меҳмонон аз рафти корҳои сохтмонии Манораи муназимӣ дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе шинос шуда, ба кори анҷомдодаи пудратчии генералии сохтмон  ширкати фаронсавии “Марк Мёне” баҳои баланд доданд.

Ҷаноби  Жан Лемуан минҷумла таъкид намуданд, ки: “ Тарҳи Манораи муназимӣ дар Осиёи Марказӣ назир надошта,  рамзи миннатдории мо баҳри хизматрасонии аэронавигатсионии Тоҷикистон ба Қувваҳои ҳарбии фаронса дар зарфи 12 соли мустақарияти он мебошад.”