Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

САФАРИ КОРӢ БА ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН

САФАРИ КОРӢ БА ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН
512

Чоп кардан

17 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳошияи Нишасти дуюми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон бо Канслери федералии Олмон Олаф Шолтс мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ масоили тавсеаи робитаҳои дуҷониба ва ҳамкории минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат аз вусъати ҳамкории Тоҷикистон бо Олмон ва дигар кишварҳои Аврупо, инчунин таваҷҷуҳи рӯзафзуни доираҳои иқтисодии Олмон ба Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Саҳми назарраси Ҷамъияти олмонии ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) ва Бонки олмонии рушд (KfW) дар татбиқи стратегияҳои милии кишвари мо таъкид гардид.

Ҷонибҳо оид ба идомаи ҳамкории босамар дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, саноат, гидроэнергетика, энергияи офтобӣ ва бодӣ, нақлиёт ва кишоварзӣ изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо арзи сипос аз ҳиссагузории Олмон дар сохтмони неругоҳҳои “Тоҷикистон” ва “Себзор” дар Бадахшон, ҳамчунин, навсозии неругоҳи Норак ёдовар шуда, изҳори бовар намуданд, ки ин таҷриба метавонад дар сохтмони неругоҳи Роғун низ идома ёбад.

Истихроҷу коркарди маъданҳо, бахусус элементҳои нодири он ва густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ, содироти маҳсулоти ин бахшҳо аз Тоҷикистон ба Олмон, аз ҷумлаи самтҳои ояндадор номида шуд.

Олаф Шолтс изҳор дошт, ки Олмон ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар бахшҳои энергетика, аз ҷумла гидоэнергетика ва дигар манбаъҳои неруи “сабз”, саноати кӯҳӣ, ҳифзи муҳити зист ва дар масоили амниятӣ манфиатдор аст. “Мо ширкатҳои дорои нуфузи ҷаҳонии Олмонро ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ташвиқ менамоем” – таъкид дошт Олаф Шолтс.

Роҳҳои ҳалли мушкилоти глобалии марбут ба оби ошомиданӣ ва обшавии пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва амнияти озуқаворӣ аз мавзуъҳои дигари мулоқот буд.

Таъкид карда шуд, ки бо назардошти рағбати зиёди ҷавонони Тоҷикистон, кишвари мо ҷиҳати ҷорӣ намудани барномаҳои таълимии забономӯзию касбӣ омодаи тавсеаи ҳамкорӣ бо Олмон аст.

Дар мулоқот, ҳамчунин, доир ба масоили амну субот дар минтақа ва ҷаҳон, мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар фароварди мулоқот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Канслери федералии Олмон Олаф Шолтс даъват намуданд, ки барои анҷоми сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф биёранд.

     

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар Нишасти дуюми Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар вохӯрӣ Сарони давлатҳо самтҳои минбаъдаи ҳамкории судманди кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмонро мавриди муҳокима қарор доданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуданд, ки “идомаи муколамаи мо дар сиғаи Осиёи Марказӣ ва Олмон ба талошҳои муштарак ҷиҳати муайян кардани самтҳои ояндадори ҳамкории бисёрҷониба ва ноил шудан ба натиҷаҳои амалӣ мусоидат мекунад”.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки мо омодаем ҳамкории зичро бо шарикони худ барои ноил шудан ба ҳадафи роҳандозии шарикии стратегӣ байни Осиёи Марказӣ ва Олмон идома диҳем.

Таъкид гардид, ки пешбурди пайвастаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории кишварҳо бояд яке аз афзалиятҳои асосӣ гардад.

Аснои суханронӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон, барои истеҳсоли “неруи сабз”, ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти ҳалли масоили глобалӣ, аз қабили тағйирёбии иқлим ва таъсири он, обшавии пиряхҳо, хушксолӣ, обхезӣ ва дигар мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ андешаронӣ карда, дар ин самт густариши ҳамкориро бо шарикон, аз ҷумла бо Олмон муҳим арзёбӣ намуданд.

Ҳамкории босамар ба хотири таъмини амну субот дар минтақа ва ҷаҳон низ басо муҳим номида шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи Сарони давлатҳоро ба масъалаи рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳангию гуманитарӣ, маориф ва тайёр кардани кадрҳо барои соҳаҳои мухталифи иқтисод низ ҷалб намуданд.

Дар анҷоми суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори умедворӣ намуданд, ки натиҷаҳои нишасти дуюми Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон барои боз ҳам мустаҳкам шудани муносибатҳои ҳамкорӣ ба нафъи мардумони кишварҳо мусоидат мекунад.

Дар анҷоми нишаст Эъломияи муштараки Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон қабул гардид.

               

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳошияи Нишасти дуюми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон дар Форуми иқтисодӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни суханронӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки форум ба рушди ҳамкории кишварҳои минтақа ва Олмон, бахусус тавассути иқдомоти муштарак ҷиҳати истифодаи захираҳо ва иқтидори кишварҳои Осиёи Марказӣ ва имконоти молиявию технологии Олмон, мусоидат хоҳад кард.

Сарвари давлат таъкид карданд, ки Тоҷикистон дорои захираҳои ғании табиӣ, бахусус манбаъҳои тавлиди “энергияи сабз” мебошад. Истифодаи самараноки ин иқтидор ба мо имкон медиҳад, ки дар “рушди сабзи” минтақа саҳми арзанда гузорем.

Зикр карда шуд, ки имрӯз аллакай 98 дарсади нерӯи барқ дар давлати мо аз манбаъҳои барқароршаванда тавлид мешавад. Ҳукумати кишвар нақша дорад, ки то соли 2032 тавлиди нерӯи барқро комилан аз захираҳои “неруи сабз” таъмин намояд ва то соли 2037 Тоҷикистонро ба “кишвари сабз” табдил диҳад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми ширкатҳои аврупоиро дар ворид сохтани технологияҳои нав ба соҳаи гидроэнергетикаи кишвар таъкид намуданд.

Татбиқи тарҳҳои бузурги соҳаи гидроэнергетика дар Тоҷикистон намунаи возеҳи ҷалби технология ва таҷрибаи пешрафтаи аврупоӣ ба мақсади “рушди сабз”-и кишвари мо номида шуд.

Дар суханронии пурмуҳтаво Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин оид ба кашфи 800 кони канданиҳои фоиданок дар Тоҷикистон ва имконоти мусоиди ба роҳ мондани истеҳсоли мошинҳои барқӣ, таҷҳизоти маҳфуздорандаи энергия ва электротехникӣ андешаронӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ба рақамикунонӣ ва рушди инноватсионӣ афзалият дода, барои сармоягузорӣ дар ин соҳаҳо имтиёзҳо ва заминаҳои мусоид фароҳам овардааст.

Татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, дорусозӣ, кишоварзӣ, бонкдорӣ, инчунин маорифу тандурустӣ аз самтҳои дигари афзалиятнок барои кишвари мо арзёбӣ гардид.

 Президенти кишвар изҳор доштанд, ки Тоҷикистон дар баробари захираву имконоти худ барои фаъолияти муваффақи сармоягузорону соҳибкорони хориҷӣ шароити мусоид фароҳам овардааст.

Ҷорӣ намудани низоми якҷонибаи бераводид барои шаҳрвандони як қатор кишварҳо, аз ҷумла Олмон, барои будубош дар Тоҷикистон ба муҳлати то 30 рӯз яке аз омилҳои дигари мусоиди ҳамкорӣ маънидод гардид.

Дар фароварди суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз фурсат иштирокдорони форумро ба ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобилан судманд ва татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ, бахусус дар соҳаи “рушди сабз” даъват намуданд.

 
                                                                                               https://prezident.tj/