БЕХАТАРӢ Ё ИҚТИСОДИЁТ: ЧАРО ШИРКАТҲОИ ҲАВОПАЙМОӢ ҲАВОПАЙМОҲОИ МУСОФИРБАРРО БА БОРКАШОНӢ ТАБДИЛ МЕДИҲАНД?
Муҳлати хизматрасонии ҳавопаймои мусофирбар метавонад 25-30 сол ва ҳатто бештар аз он бошад. Омили асосӣ дар авиатсия соли ҳавопаймо нест, балки нигоҳубини босифат аст, мегӯянд муҳандисони соҳаи авиатсия.
Пас чаро ҳавопаймоҳои кӯҳнаи мусофирбар ба боркашонӣ табдил дода мешаванд? Шояд ҳавопаймоҳои кӯҳна бехатар нестанд ва аз ин рӯ, ба хотири хатари ҷони мусофирон, ширкатҳои ҳавопаймоӣ онҳоро барои ҳамлу нақли бор иваз мекунанд?
Ҳамаи ин бо мақсади имконпазирии тиҷоратӣ мебошад. Ба андешаи мутахассисони соҳа модели кунунии кори ҳавопаймоҳои кишварҳои ғарбӣ корбарии онҳоро мувофиқи ҳолати воқеӣ ба инобат мегиранд. Ҳавопаймо ҳар қадар кӯҳна бошад, ҳамон қадар таваҷҷуҳи бештарро талаб мекунад ва ин хароҷоти нигоҳдории онро зиёд мекунад.
Ҳавопаймоҳои мусофиркашӣ, хусусан ҳавопаймоҳои камхарҷ дар як шабонарӯз 6—8 парвозро амалӣ карда метавонанд, вале истифодабарии ҳавопаймоҳои боркашонӣ назар ба он хеле кам аст. Дар натиҷа, агар як ҳавопаймои мусофирбар тавонад соатҳои парвозро пеш аз шакли шадиди навбатии нигоҳдории техникӣ дар тӯли якуним сол ҷамъ кунад, пас дар боркашонӣ ин вақт метавонад ду маротиба ё бештар аз он дароз шавад.
Дар интиқоли мусофирон, ки вақти байни парвозҳо 30-60 дақиқаро ташкил медиҳад, ин омил метавонад боиси хароҷоти иловагӣ барои ширкатҳои ҳавопаймоӣ гардад.
Таъхир дар парвоз бо сабаби хатои одӣ ҳам метавонад ба ҷадвалҳо, парвозҳои пайвастшавӣ ва ғайра таъсири ҷиддӣ расонад. Ҳамчунин ислоҳи нуқсон метавонад соатҳо тӯл кашад, ки дар ин ҳолат ширкатҳои ҳавопаймоӣ бояд ба мусофирон хӯрок ва дар сурати таъхири тӯлонӣ меҳмонхона ва ҷубронпулиро низ пардохт намоянд.
Барои интиқоли бор ин раванд мувофиқ мебошад, чунки ҳавопаймоҳои боркашонӣ нисбатан кам парвоз анҷом медиҳанд ва дар баъзе аз мавридҳо дар фурудгоҳ ҳамагӣ ним рӯз меистанд. Аз ин рӯ, эҳтимоли мушкилоти техникӣ ва тағйирёбии ҷадвал хеле камтар ба мушоҳида расида, дар сурати таъхири техникӣ ширкатҳои ҳавопаймоӣ ба мисли таъхири парвози мусофирон хароҷоти зиёдро масраф намесозанд.
Ҳангоми маҳдудияти COVID дар бозори боркашонии ҳавоӣ тағйироти назаррас ба амал омад. Операторҳои асосӣ, аз ҷумла DHL ва ASL фоидаи назаррас ба даст оварданд, вале бо норасоии ҳавопаймо рӯ ба рӯ гардиданд.
Аз ин лиҳоз, тамоюли табдил додани ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва Airbus A321 ба ҳавопаймоҳои боркашонӣ ба миён омад. Ҳамзамон, ҳавопаймоҳои васеъ ба монанди Boeing 777 ва Airbus A330 бештар аз корхона мустақиман боркашонӣ фармоиш дода мешуданд.
Ширкатҳои ҳавопаймоӣ ҳавопаймоҳои мусофирбари кӯҳнаро на аз рӯи бехатарӣ, балки аз рӯи имконияти иқтисодӣ ба ҳавопаймоҳои боркашонӣ табдил медиҳанд.
Афзалияти истифодаи ҳавопаймоҳои боркашонӣ дар камтар истифода намудани нигоҳубини техникӣ ва таъсири ҷиддӣ нарасонидан ба ҷадвали парвозҳо мебошад. Ва ин тарзи кор боиси солҳои тӯлони мавриди истифода қарор гирифтани ҳавопаймоҳои боркашонӣ мегардад.