Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

СОЛИМИИ МИЛЛАТ – ГАНҶИ ДАВЛАТ

СОЛИМИИ МИЛЛАТ – ГАНҶИ ДАВЛАТ
1 011

Чоп кардан

Дар асоси иҷроиши нақшаю чорабиниҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 28 октябри соли 2020 КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар ҳамкорӣ бо “Маркази ҷумҳуриявии илмии хун”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии “Рузи донорӣ”-ро баргузор намуд, ки дар рафти он кормандони корхона ширкати фаъол доштанд.

Тазаккур бояд дод, ки саломатии ҷомеа танҳо аз як соҳаи муайян вобастагӣ надошта, он дар маҷмӯъ аз фаъолияти дастаҷамъонаи сохторҳои алоҳида ва пеш аз ҳама сатҳи тафаккури шаҳрвандон низ алоқамандӣ дорад. Дар робита ба ин КВД “Тоҷикаэронавигатсия” низ дар ин самт мусоидат намуда, чорабинии мазкури муштаракро роҳандозӣ намуд.

Тибқи иттилои мутахассисон шахси аз 18 то 65-сола метавонад донори хун шавад. Донори хун будан ё хун супоридан дар аксар мамлакатҳои ҷаҳон ба одат табдил ёфтааст. Имрӯзҳо сокинони мамлакат ва махсусан ҷавонон аз аҳамияту зарурати хунсупорӣ огоҳ буда, бо дарки масъулият  хунсупорӣ меоянд.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба донории хун ва ҷузъҳои он” барои “Донори фахрӣ” шудан бояд занҳо 15 ва мардҳо 20 литр хун супоранд. Унвони мазкур имкон медиҳад, ки донорон аз баъзе имтиёзҳо:  ҳаракати ройгон дар нақлиёти ҷамъиятӣ, ташхиси тиббии ройгон, 50 дарсад имтиёз ҳангоми хариди доруворӣ, истифода аз баъзе намуди хизматрасонии тиббӣ баҳравар шаванд.

   

                                                                                  Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”