Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ТАВАҶҶУҲИ САРМОЯГУЗОРОНИ ХОРИҶӢ БА ТАҲКИМИ ХИЗМАТРАСОНИИ АЭРОНАВИГАТСИОНӢ

ТАВАҶҶУҲИ САРМОЯГУЗОРОНИ ХОРИҶӢ БА ТАҲКИМИ ХИЗМАТРАСОНИИ АЭРОНАВИГАТСИОНӢ
733

Чоп кардан

Санаи 26-уми сентябри соли ҷорӣ намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии Ада Огбунуде, сармутахассис оид ба сармоягузории бонки мазкур аз КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дидан намуда, бо роҳбарияти корхона мулоқот анҷом доданд. Ҳангоми вохӯрӣ бо муовини якуми директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Даврон Шодмондекзода доир ба фаъолияти корхона маълумоти муфассал пешниҳод гардид. Зимни мулоқот ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои минбаъда таваҷҷуҳи худро изҳор намуданд.

Ҳамзамон меҳмонон аз утоқҳои корӣ, таълимӣ ва манораи муназзимӣ дидан намуда, бо шарту шароити кории кормандони КВД “Тоҷикаэронавигатсия” аз наздик шинос шуданд.

   
                                                               Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”