Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

БАЙНИ АГЕНТИИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНИИ ТОҶИКИСТОН ВА ИДОРАИ КУЛЛИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНИИ АРАБИСТОНИ САУДӢ ПРОТОКОЛИ ҲАМКОРӢ БА ИМЗО РАСИД

БАЙНИ АГЕНТИИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНИИ ТОҶИКИСТОН ВА ИДОРАИ КУЛЛИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНИИ АРАБИСТОНИ САУДӢ ПРОТОКОЛИ ҲАМКОРӢ БА ИМЗО РАСИД
650

Чоп кардан

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҳамкориро дар соҳаи авиатсияи гражданӣ тақвият медиҳанд. Далели ин имзои протоколи ҳамкорӣ байни Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи кулли авиатсияи граждании Шоҳигарии Арабистони Саудӣ барои афзоиш додани хастсайрҳои мустақими ҳавоӣ байни ду давлат мебошад.

Аз Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ин санадро аз ҷониби Тоҷикистон директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода ва аз ҷониби Арабистони Саудӣ раиси Идораи генералии авиатсияи граждании Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ал — Дуайлиҷ ба имзо расониданд.

Ҳамзамон дар шаҳри Душанбе байни директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашнумаросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода, раиси Идораи генералии авиатсияи граждании Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ал — Дуайлиҷ ва вазири ҳаҷ ва умраи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Тавфиқ ибни Фавзон ар – Рабиъа вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба амалӣ намудани хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ, инчунин рушди ҳамкории сайёҳӣ ва масъалаҳои марбут ба маросими хаҷ баррасӣ гардиданд.

Бояд гуфт, ки 14 июни соли 2010 дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ Лоиҳаи Ёддошти тафоҳум оид ба хизматрасонии алоқаи ҳавоӣ ва 3 январи соли 2016 дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ ба имзо расид. Имзои ин санади ҳамкорӣ ва вохӯрӣ байни мақомоти марбутаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ, сайёҳӣ ва масъалаҳои марбут ба ҳаҷ нақши муассир мегузорад.