НАТИҶАҲОИ НАЗАРРАСИ КВД «ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ» ДАР НИМСОЛА
КВД «Тоҷикаэронавигатсия» 04.07.2019 ҷаласаи ҳисоботии худро аз натиҷаҳои нимсолаи аввали соли равон гузаронид. Дар ҷаласа директори Агентии авиатсия граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода иштирок намуд.
Сараввал ДГ КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Л.Б. Ашуров ҳозиринро ба муносибати бо муваффақият ба анҷом расонидани корҳои ба истифодасупорӣ ва аз ҷониби Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гирифтани баҳои баланд ва ифтитоҳи расмӣ ёфтани Манораи муназзимӣ табрик намуд.
Пасон директори генералии корхона роҷеъ ба корҳои калидии анҷомдода дар соли сипаришуда, муваффақияту комёбӣ ва нақшаҳои қарибулвуқуъ муфассал маърӯза кард. Дар баромад ҳамчун омили асосии камшавии парвозҳои транзитӣ тавассути хатсайрҳои тоҷикистонӣ ва тадбирҳои андешидашаванда махсус таъкид шуд.
Директори генералии корхона Ашуров Л.Б. ҳамчунин таъкид намуд, ки бо вуҷуди камшавии парвозҳои транзитӣ тавонист дар ин нимсола ба 21 522 адад киштиҳои ҳавопаймоӣ хизматҳо пешкаш намояд ва ӯҳдадориҳои худро дар назди бюджети давлатӣ бо сарбаландӣ бо нишондоди 5,9% зиёдтар аз соли собиқа иҷро намояд.
Дар баромади Директори генералӣ тарбия ва дастгирии кадрҳои лаёқатманд, ташкилу маблағгузориҳои таълиму тадриси касбӣ ва бозомӯзии ҳирфавӣ мавқеъи махсус дошт.
Директори ААГ НҲҶТ Субҳонзода И. зимни баромади худ аввалан аз саҳми коллективи корхона дар ташкил ва гузаронидани Нишасти панҷуми сарони Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ ба Осиё - CICA, ободу зебо ва дар сатҳи баланд гузаронидани корҳои марбут ба сохтмон, муҷаҳҳазгардонӣ ва ифтитоҳи расмии Манораи муназзимӣ бо иштироки Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати намояндагии Ҷумҳурии Фаронса изҳори миннатдорӣ намуда, фаъолияти корхонаро дар марҳилаи ҳисоботӣ баланд баҳогузорӣ кард. Ӯ махсус таъкид намуд, ки КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар системаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона сохторе аст, ки дар ҳама самтҳо – даромад, пешкаши хизматҳо, модернизатсияи таҷҳизоту васоит, ташкили шароити хуби кору истироҳат, иҷроиши амру супоришҳои давлату ҳукумат пешсаф буда, сабақ барои дигарон аст. Хароҷоту пардохтҳои давлатӣ, зина ба зина навсозии таҷҳизот, ташкили гуфтушунидҳо ҷиҳати ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ва дар ин росто ташкил ва ба истифода супоридани хатсайру долонҳои нави ҳавоӣ, ташкили КТИ барои мутахассисон, дастгирӣ аз қишри ниёзманди кишвар боиси таҳсину пайравӣ мебошад.
Дар маҷмӯъ ӯ кори коллективро қаноатбахш ва фавъолияти корхонаро намунавӣ арзёбӣ намуда, пешрафти минбаъдаро таманно кард.