Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ
463

Чоп кардан

6-уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Ченнайи Ҷумҳурии Ҳиндустон намоишгоҳи ҳавоӣ бахшида ба 92-умин солгарди таъсисёбии Нерӯҳои ҳавоии Ҳиндустон баргузор гардид, бар асари издиҳом ва беобӣ дастикам панҷ нафар ҳалок ва 40 нафар маҷрӯҳ шуданд.

***

Ширкати “Emirates” 8-уми октябр  маҳдудияти парвозҳо ба Эрон ва Ироқро лағв менамояд, аммо лағви парвозҳо байни Дубай ва Бейрут то 15-уми октябр идома меёбад.

***

Директори генералии ширкати ҳавопаймоии Ҳоландии “KLM” Марҷан Ринтел гуфт, Иттиҳоди Аврупо бояд барои таъмини рақобати одилона байни ширкатҳои ҳавопаймоии Аврупо ва Ҷумҳурии Мардумии Чин чораҳои молиявӣ андешад. Тибқи изҳороти директори генералӣ, ҳарими ҳавоии Федератсияи Россия аз соли 2022 барои ҳавопаймоҳои аврупоӣ баста шуда, боиси афзоиши вақти парвоз ва нархи чиптаҳо гардид. Дар ҳамин замина тибқи маълумоти “Cirium”, ширкатҳои ҳавопаймоии чинӣ дар моҳи июли соли 2024 90% парвозҳои байналмилалиро ба Чин ва аз Чин анҷом додаанд, дар ҳоле ки ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ танҳо 60% парвозҳо амалӣ намуданд.

***

7-уми октябри соли ҷорӣ дар натиҷаи мушкилии дастрасӣ ба интернет бақайдгирии мусофирон дар фурудгоҳи Колтсовои Екатеринбург ба таври дастӣ роҳандозӣ гардид.

***

Дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 ширкати “AZUR air” парвозҳои мустақими чартериро ба Гоаи Ҷумҳурии Ҳиндустон барқарор менамояд. Парвоз аз чаҳор шаҳри Федератсияи Россия – Москва, Екатеринбург, Қазон ва Перм ба нақша гирифта шудааст.

***

Ширкатҳои “Уралские авиалинии” ва “S7” парвозҳоро аз фурудгоҳи Домодедово ба Дубай барқарор намуданд.

***

Дар коргоҳи авиатсионии Қазон таҷҳизоти нави технологии истеҳсоли ватанӣ барои истеҳсоли қисмҳои калон ба истифода супорида шуд, ки он имкони коҳиш додани вақти истеҳсолро медиҳад.

***

Бо мақсади пешгирӣ аз паҳн гардидани вируси Марбург дар фурудгоҳҳои байналмилалии Қазоқистон санҷиши ҳарорати ҳамаи мусофироне, ки аз хориҷа ворид мешаванд, ҷорӣ гардид.

***

Бар асари таркиш дар наздикии фурудгоҳи Ҷиннаи шаҳри Карочии Ҷумҳурии Исломии Покистон ду шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳалок ва як тани дигар захмӣ шуданд.

***

Барои намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоӣ, фурудгоҳҳо ва ширкатҳои сайёҳии Ҷумҳурии Мардумии Чин, Фурудгоҳи байналмилалии Владивосток сафари шиносоӣ ташкил намуд.

***

Ҳавопаймои ширкати “Frontier Airlines”, ки аз Сан Диего ба Лас Вегас парвоз менамуд ҳангоми фуруд дар Лас Вегас оташ гирифт. Дар натиҷаи ин ҳодиса касе осеб надидааст.

***

Ба иттиҳоми интиқоли ҷузъҳое, ки ба талаботи бехатарии истеҳсоли ҳавопаймои Boeing 787 Dreamliner ҷавобгӯ нестанд дар Италия нисбати ду ширкати зерпудратчӣ ва 7 нафар шахсони алоҳида парванда боз гардид.

***

Бо мақсади харидории ҳавопаймо ширкати “Frontier Airlines 250 миллион доллари ИМА пешпардохтро қарз гирифт, ки интиқоли ҳавопаймо аз ширкати “Airbus” дар соли 2027 пешбинӣ мегардад.

***

Бо мақсади ба иҷора гирифтани 3 адад ҳавопаймои Boeing 737 ва 1 адад Boeing 787 Dreamliner ширкати “United Airlines” бо ширкати лизинги “BOC Aviation” созишнома имзо намуд.

***

Ширкати “Textron eAviation” санҷиши ҳавопаймои “Nexus eVTOL”-ро дар соли 2025 пешбинӣ менамояд, ки парвоз дар фурудгоҳи минтақавии Салина сурат мегирад.

***

Аз моҳи декабри соли ҷорӣ ширкати “Oman Air” хизматрасонии нав – парвозро ба Рим роҳандозӣ менамояд.

***

(Манбаъ: AVIA.RU, Aviation Explorer, Aviation Source News, https://news.mail.ru/tag/306/, Simple Flying, Flight Global)