САРФАРОЗИИ КВД “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ”
1 100
КВД “Тоҷикаэронавигатсия” барои саҳми боризи худ дар рушди авиатсияи байналмилалии гражданӣ, комёбиҳои назаррас дар самти ташкилу хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ ва вуруду ба истифодасупории технологияҳои муосиру пешқадам аз ҷониби Кумитаи байналмилалии авиатсионӣ – МАК бо ҷоизаи ифтихорӣ сарфароз карда шуд.
Ҷоизаро аз номи Президенти Шӯрои байнидавлатии авиационӣ, Раиси Кумитаи байналмилалии авиатсионӣ – МАК Т.Г.Анодина Муовини раис, Раиси Комиссия оид ба барномаҳои байналмилалии ташкили ҳаракати ҳавоӣ Клешёв Константин Александрович тақдим намуд.