ТАСМИМИ ДАНИЯ ОИДИ ҶОРӢ НАМУДАНИ АНДОЗИ САБЗ БАРОИ МУСОФИРОН
Тибқи иттилои сомонаи иттилоотии “Buying Business Travel Russia” кишвари Дания соли оянда андоз аз мусофирон барои сафарҳои ҳавоиро ҷорӣ менамояд, ки он то соли 2030 афзоиш хоҳад ёфт. Ин тадбир ба ҳама ҳавопаймоҳо - тиҷоратӣ ва хусусӣ, ки дорои беш аз 10 курсӣ ва вазни парвозаш 5,66 тонна ё бештар аст, татбиқ мегардад.
Арзиши пардохт вобаста ба масофаи парвоз, аз ҷумла дохили минтақаи Аврупо, масофаҳои миёна ва дур, муайян мегардад. Андози пешбинигардида аз 4,48 то 44,82 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, аммо то соли 2030 маблағи андоз аз 7,35 то 60,3 доллари ИМА барои як нафар афзоиш хоҳад ёфт.
Тибқи нақшаи ҳукумат дар натиҷа ба буҷаи давлат ҳар сол то 180 миллион доллари ИМА маблағ ворид мешавад, ки ин маблағҳо инчунин барои маблағгузории гузариш ба сӯзишвории устувори авиатсионӣ (SAF) истифода хоҳанд шуд.
Дар ҳамин ҳол категорияи парвозҳое, ки аз ин нав андоз озод шудаанд парвозҳои ҳарбӣ, ҳукуматӣ, ёрии таъҷилӣ, ҷустуҷӯ ва наҷотдиҳӣ, гуманитарӣ, милитсия ва нақлиёти кӯдакон иборат мебошанд. Ҳамзамон кормандони операторони ҳавопаймоҳо, ки дар ҳолатҳои муайян интиқоли мусофирон ва парвози транзитиро амалӣ менамоянд истисно аз андоз мебошанд.
“Андози сабз” барои мусофирони ҳавопаймо аллакай дар дигар кишварҳои Аврупо, аз ҷумла Фаронса, Олмон, Маҷористон, Нидерландия, Норвегия, Португалия ва Шветсия ҷорӣ шудааст. Ин гуна пардохтҳо боиси нигаронии созмонҳои мухталифи саноатӣ, аз ҷумла Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) гардид. Дар изҳороти худ IATA қайд намуд, ки ин андозҳо хилофи уҳдадориҳои Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ буда, чунин пардохтҳо даромади хеле кам меорад.