Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

МАНОРАИ МУНАЗЗИМӢ ДАР МЮНХЕН ДАР БАЙНИ БИНОҲОИ ШАҲР

МАНОРАИ МУНАЗЗИМӢ ДАР МЮНХЕН ДАР БАЙНИ БИНОҲОИ ШАҲР
300

Чоп кардан

Манораи муназзимии калон дар байни биноҳои нави шаҳр дар шарқи Мюнхен ҷойгир аст. Чунин ба назар мерасад, ки ин тасмими меъморон аст, то ки биноро бо услуби манораи фурудгоҳ тарҳрезӣ намоянд. На.

Ин манораи муназзимии идоракунии ҳаракати ҳавоӣ мебошад, ки чанд даҳсолаҳо пеш сохта шудааст. То соли 1992 танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ тавассути ин манора парвозу фуруди ҳавопаймоҳои фурудгоҳи Мюнхен-Рим (Flughafen München-Riem)-ро идора менамуданд.

Дарвозаи ҳавоии мазкур соли 1936 ифтитоҳ гардида, дар давоми Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ хароб ва сипас аз нав барқарор карда шуд.   Ва дар соли 1948 ҳамчун аввалин фурудгоҳи Олмон ба ҳавопаймоҳои шаҳрвандӣ хизматрасонӣ менамуд.

Аллакай дар солҳои 1980-ум, бинобар сабаби мавҷудияти танҳо як хати парвозу фуруд, ҷойгиршавии ноқулайи фурудгоҳ, ки имкони васеъ намудани терминалро надошт, ҳамзамон зиёд гардидани шумораи мусофирон ва парвозҳо ҳукумати Бавария тасмим гирифт, ки фурудгоҳро ба ҷои нав кӯчонанд.

Сохтмони фурудгоҳи нави Мюнхен соли 1980 оғоз гардид, ки соли 1992 он фаъолияти худро пурра оғоз намуд. Пас аз ин фурудгоҳи Мюнхен-Рим то абад баста шуд.

Инфрасохтори фурудгоҳи кӯҳна қариб пурра аз байн рафтааст. Дар ҷои фурудгоҳ хонаҳои истиқоматӣ қомат афрохта, намоишгоҳҳо ва боғҳо пайдо шуданд. Далели он, ки дар ин қисмати шаҳри Мюнхен яке аз бузургтарин фурудгоҳҳои Олмон фаъолият менамуд, танҳо як қисми хурди хати парвозу фуруд, толори асосии терминал ва манораи муназзимӣ мебошад, ки то ҳол нигоҳ дошта шуда,  ҳамчун ёдгорӣ боқӣ мондаанд.