Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

РОҲАНДОЗИИ ПАРВОЗҲОИ САНҶИШӢ ДАР ДОИРА ЛОИҲАИ PBN

РОҲАНДОЗИИ ПАРВОЗҲОИ САНҶИШӢ ДАР ДОИРА ЛОИҲАИ PBN
407

Чоп кардан

Дар доираи татбиқи Лоиҳа оид ба рушди иқтидор барои татбиқи PBN -Навигатсия дар асоси хусусият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 3-юми октябри соли 2024 намояндаи ширкати “PVS aero” дар фурудгоҳҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ҳавопаймои “ACAM B350” аз рӯи тартиботи муайягардида қисман парвози санҷиширо амалӣ намуд. Тибқи гузоришҳои пешакӣ аз ҷониби коршинос ҳангоми парвоз ягон мушкили муайян нашуд.

Бо мақсади пурра амалӣ намудани парвозҳои санҷишӣ тибқи нақшаи омода намудаи мутахассисони КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур кормандони КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ба Ҷумҳурии Олмон сафар анҷом доданд, ки ба гузаронидани тасдиқи тадрибии расмиёти парвозҳои таҳияшудаи PBN дар фурудгоҳҳои байналмилалии ҷумҳурӣ равона гардидааст.

Аз санаи 12-уми октябри соли 2024 дар тадрибгоҳи Airbus A20N, ки дар омӯзиши авиатсионии Lufthansa “Lufthansa Aviation Training”-и Франкфурти Олмон ҷойгир аст, парвозҳои санҷишӣ дар нақшаҳои омода карда оғоз гардид. Ҳангоми тасдиқи тадрибӣ 50 адад расмиёти парвоз анҷом дода мешавад. Қобили зикр аст, ки тартиботи мазкур талаботи ICAO буда, пеш аз расмиёти интишор дар AIP амалӣ мегардад.

Ёдовар бояд шуд, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии аэронавигатсионӣ ва васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо аз ҷониби директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Лоиқ Бегиҷонзода чораҳои саривақтӣ андешида шуда, татбиқи лоиҳаи мазкур ҳамаҷониба дастгири меёбад.  

 
      

                                                             Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”