Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

РОҲБАРОНИ МАҚОМОТИ АВИАТСИОНИИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ВА ҚАТАР ТАВСЕАИ ҲАМКОРИРО ДАР СОҲАИ АВИАТСИЯ БАРРАСӢ НАМУДАНД

РОҲБАРОНИ МАҚОМОТИ АВИАТСИОНИИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ВА ҚАТАР ТАВСЕАИ ҲАМКОРИРО ДАР СОҲАИ АВИАТСИЯ БАРРАСӢ НАМУДАНД
54

Чоп кардан

15-16 октябри  соли 2024 дар шаҳри Самарқанд вохӯрии роҳбарони мақомоти авиатсияи граждании давлатҳои Осиёи Марказӣ- Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва инчунин Давлати Қатар баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Давлати Қатар оид ба бехатарии парвозҳо,  зиёд намудани шумораи хатсайрҳо ва  ба роҳ мондани хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Қатар баррасӣ гардиданд.

Ҳамчунин байни  Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҳабибулло Назарзода ва  Директори Маъмурияти авиатсионии Давлати Қатар оид ба тақвият бахшидани ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла масъалаи  ба роҳ   мондани хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ моҳи ноябр-декабри соли 2024 байни Душанбе- Давҳа-Душанбе  вохӯрӣ баргузор гардид.

Бояд гуфт, ки соли  2017 Созишномаи ҳамкорӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар ба имзо расида буд. Баъди ба имзо расидани ин созишнома 22 апрели соли 2019 Протоколи вохӯрӣ ба имзо расида, аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҶДММ «Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр»  ва  ҶСК «Тоҷик Эйр», аз ҷониби Давлати Қатар  Ширкати ҳавопаймоии «Qatar Airways» ҳамчун интиқолдиҳандагони мусофирон, бор, бағоҷ ва почта таъйин гардиданд.

Интизор меравад, ки ин вохӯрӣ дар рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ, аз ҷумла беҳтар гардидани вазъи иқтисодии ширкатҳои авиатсионӣ ва таъмини бехатарии парвозҳо нақши муассир мегузорад.

 
                                                                                                     https://khovar.tj/