Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ЗИМИСТОН МЕОЯД: ПАНҶ УСУЛИЕ, КИ ШИРКАТҲОИ ҲАВОПАЙМОӢ ВА ФУРУДГОҲҲО БО БАРФУ ЯХБАНДӢ МУБОРИЗА МЕБАРАНД

ЗИМИСТОН МЕОЯД: ПАНҶ УСУЛИЕ, КИ ШИРКАТҲОИ ҲАВОПАЙМОӢ ВА ФУРУДГОҲҲО БО БАРФУ ЯХБАНДӢ МУБОРИЗА МЕБАРАНД
310

Чоп кардан

Сарфи назар аз ҷолибияти манзараҳои зебои зимистон барфу яхбандӣ ба фаъолияти фурудгоҳҳо ва ҷадвали парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоӣ ба таври ҷиддӣ таъсири худро мегузорад.

Амалиёти зимистона аз пешгирии яхбандии ҳавопаймоҳо то тоза нигоҳ доштани хатҳои парвозу фуруд банақшагирии дақиқ ва иҷрои онро талаб менамояд. Дар доираи ҷадвали тирамоҳу зимистон панҷ усули таъмини бехатарии заминии парвозҳо вобаста ба таъсири барфу яхбандӣ мавҷуд мебошанд, ки ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва фурудгоҳҳо дар коҳиш додани таъсири зимистон истифода мебаранд.

Усули аввалин дар ин раванд – пешгӯии обу ҳаво мебошад. Пешгӯии дақиқи обу ҳаво аввалин омили муҳофизат ҳангоми мубориза бо ҳавои зимистон мебошад, ки дар ин раванд воситаҳои муосири метеорологӣ, қарорҳои асосӣ ва технологияҳо нақши калидӣ мебозанд.

Усули дуввум ин тоза намудани барф аз хатти парвозу фуруд ва роҳҳои асосии ҳавопаймо аст, ки ин усул яке аз бахшҳои фаъолияти асосии фурудгоҳро ташкил медиҳад. Тоза нигоҳ доштани минтақаҳои заминии ҳудуди фурудгоҳ аз барф барои фаъолияти фурудгоҳҳо дар фасли зимистон муҳим аст. Агар дар хатҳои парвозу фуруд барф ҷамъ шавад, дар таъмини бехатарии парвоз ё фуруди ҳавопаймоҳо мушиклӣ ба вуҷуд меояд. Вобаста ба ин фурудгоҳҳо дар давоми сол барои ҷадвали парвоз дар фасли тирамоҳу зимистон омодагии ҷиддӣ мебинанд. Ҳамзамон дар амалӣ намудани ин фаъолият фурудгоҳҳо аз таҷҳизоти тозакунии барф, нақшаи комплексии тозакунии барф, моддаҳои кимиёвии зидди яхбандӣ ва протоколҳои муассиру ҷобаҷогузории қаблӣ истифода мебарад.

Усули сеюм ин бартараф намудани оқибатҳои яхбандӣ ва коркарди зидди яхбандӣ мебошад, ки барои пешгирии ҷамъшавии ях дар болҳои ҳавопаймо равона гардидааст. Тоза намудани ях аз ҳавопаймо – тартиботи муҳимест, ки аз пайдоиши ях дар қисматҳои муҳими ҳавопаймо, аз қабили болҳо ва қисмати ниҳоии онро пешгирӣ менамояд. Фаъолияти мазкур пеш аз парвози ҳавопаймо анҷом дода мешавад. Ҳатто як қабати хурди ях метавонад баландшавии ҳавопайморо ба таври назаррас коҳиш диҳад ва бехатарии онро зери хатар гузорад. Дар бисёр ҳолатҳо сарнишинон бидуни кафолати он, ки ҳавопаймо аз ях пурра тоза шудааст аз парвоз худдорӣ менамоянд. Дар ин раванд тартиботи тоза намудани яхбандии ҳавопаймо, муҳлати гузаронидани коркарди зидди яхбандӣ, ҷойгиршавӣ ва коркард роҳандозӣ мегардад.

Нигоҳубини ҳавопаймо дар ҳавои сард, омили дигари таъмини бехатарӣ дар шароити яхбандӣ ба ҳисоб рафта усули чорумро ташкил медиҳад. Ҳавои сард метавонад тамоми фасли зимистон ба системаҳои ҳавопаймо таъсири манфии худро расонад. Аз ин лиҳоз ширкатҳои ҳавопаймоӣ санҷишҳои муайяни хизматрасониро анҷом медиҳанд, то боварӣ ҳосил намоянд, ки ҳавопаймоҳо ба фасли зимистон омода ҳастанд ё не. Бо ин ҳадаф ширкатҳо санҷишҳои муқаррарӣ, истифодаи моеи иловагии сӯзишворӣ, санҷиши зарари яхбандиро мегузаронанд.

Алоқа байни ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва фурудгоҳҳо усули ниҳоӣ ба ҳисоб рафта, барои таъмини иттилоот ба мусофирон мусоидат менамояд. Таъкид ба ёдоварист, ки иртиботи муассир байни ширкатҳои ҳавопаймоӣ, фурудгоҳҳо ва мусофирон метавонад нооромӣ ва нофаҳмиро, ки дар натиҷаи бориши шадиди барфу борон ба миён меояд, коҳиш диҳад. Бо ин мақсад ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва фурудгоҳҳо аз барномаҳои мобилӣ, сомонаҳо ва суроғаи электронӣ истифода бурда, мусофиронро оид ба таъхир ва лағви парвозҳо инчунин аз маълумотҳои нав оид ба обу ҳаво огоҳ менамоянд. Илова ба ин ҳангоми боришоти зиёди барф ширкатҳои ҳавопаймоӣ аксар вақт ба мусофирон имкон медиҳанд, ки парвозҳоро бидуни ҷарима дубора фармоиш диҳанд, ки ин эътимоди мусофиронро ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ боло мебарад.

Новобаста ба мушкилиҳои ҷойдошта дар ҳамагуна обу-ҳаво ба Шумо хонандагони азиз парвози бехатарро таманно менамоем.