Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

SOCEA – АФЗОИШИ ШАРИКОН

SOCEA – АФЗОИШИ ШАРИКОН
401

Чоп кардан

Дар доираи дуюмин Саммити роҳбарони корхонаҳои таъминкунандаи хизматрасонии аэронавигатсионии кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказии Ташкилоти хизматрасонии аэронавигатсионӣ (CANSO Euro/Central–Asia ANSPs Second CEO Summit) санаи 16-ум ва 17-уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия вохӯрии алоҳидаи аъзоёни платформаи SOCEA баргузор гардид. Зимни мулоқот як қатор масъалаҳои таъмини амнияти аэронавигатсионӣ дар ҳарими ҳавоии кишварҳои узви платформа баррасӣ шуданд.

Ҳамзамон аъзоёни платформа васеъ гардида, дар санаи 17-уми октябр Созишномаи дуҷониба оид ба шомилшавии КВД “Қазаэронавигатсия” ба узвияти SOCEA ба имзо расид. Боиси ифтихор аст, ки таъминкунандаи хизматрасонии аэронавигатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” 18-уми июли соли 2024 дар шаҳри Истамбули Ҷумҳурии Туркия Созишнома оид ба шомил гардидани КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ба узвияти SOCEA-ро имзо намуд, ки саҳми корхонаро дар таъмини амнияти аэронавигатсионӣ ва афзоиши ҳаҷми ҳаракати ҳавоӣ дар минтақа таъкид менамояд.

Дар идома масъалаҳои шомил гардидани як қатор кишварҳои дигар ба платформаи мазкур низ аз ҷониби ширкаткунандагон баррасӣ шуд. Инчунин, тасмим гирифта шуд, ки Ҷумҳурии Ҳиндустон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон ба платформа шомил карда шаванд. Иқдоми мазкур заминаи ягона барои банақшагирии ҷараёнҳо ва ифтитоҳи хатсайрҳои мустақими хизматрасонии ҳаракати ҳавоиро мегузорад, ки Осиёи Ҷанубиро бо Аврупо тавассути кӯтоҳтарин масирҳо мепайвандад.

 Интизор меравад, ки табодули афкор дар ин ҳамоиш ба рушди устувор дар идоракунии ҳаракати ҳавоии Аврупо ва Осиё мусоидат намуда, ба фаъолияти авиатсионии минтақа дар солҳои оянда таъсири мусбӣ мерасонад.

 

                                                                              Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”