Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ҶАШНИ КАСБИИ ТАНЗИМГАРОНИ ҲАРАКАТИ ҲАВОӢ

ҶАШНИ КАСБИИ ТАНЗИМГАРОНИ ҲАРАКАТИ ҲАВОӢ
380

Чоп кардан

Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ – Иди касбии танзимгарон ва кормандони идораи ҳаракати ҳавоӣ буда, ҳамасола 20-уми октябр ҷашн гирифта мешавад. Маҳз дар ҳамин сана соли 1961 дар пойтахти Нидерландия Амстердам Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои танзимгарони авиатсионӣ (International Federation of Air Traffic Controllers Associations) таъсис ёфт, ки барои стандартизатсияи идораи нақлиёти ҳавоии бор ва мусофирон муҳим мебошад. Ин воқеа дар таърихи рушди нақлиёти ҳавоӣ марҳилаи муҳим буда, барои пайдоиши иди нави касбӣ – Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ асос гузошт.

Ёдовар бояд шуд, ки бехатарии мусофирон дар осмон на танҳо аз сарнишинон, эътимоднокии ҳавопаймо ва кормандони техникии авиатсионӣ, балки аз танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ низ вобастагӣ дорад. Фаъолияти танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ маҳорати олӣ, масъулиятшиносӣ ва устувории психологиро талаб менамояд. Таъмини бехатарии шахсони дар фазо парвоз менамуда – маъсулияти намояндагони ин касб мебошад.

Танзимгари ҳаракати ҳавоӣ – мутахассисест, ки ҳаракати ҳавоиро аз замин идора намуда, вазифаи асосии он таъмини ҳаракати бехатар, муназзам ва мунтазами киштиҳои ҳавоӣ дар доираи минтақаи масъулияти худ мебошад. Танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ ба экипажи ҳавопаймоҳо аз вазъияти масири парвоз ва аэродромҳо, инчунин ҳолати метеорологӣ маълумотҳо пешниҳод намуда, мувофиқи қоидаҳо бо сарнишинон алоқаи радиоӣ дорад. Ҳамзамон маълумотҳои заруриро ба системаҳои автоматикунонидашудаи идоракунии ҳаракати ҳавоӣ барои арзёбии вазъи обу ҳаво ворид менамояд. 

Танзимгарони Раёсати хизматрасонии ҳаракати ҳавоии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” низ дар таъмини бехатарии парвозҳо дар ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул буда, бо истифода аз малакаи баланди касбии худ бехатарии мусофирон ва экипажро тавассути хизматрасонӣ дар ҳама фурудгоҳҳои кишвар таъмин менамоянд.

Бо мақсади баланд бардоштани малака ва касбияти танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ аз ҷониби директор генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Лоиқ Бегиҷонзода чораҳои муассир андешида шуда, шароити муосир барои фаъолияти онҳо таъмин гардидааст. Ифтитоҳи манораи нави назоратӣ-танзимнамоии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 27-уми июни соли 2019 яке аз меваҳои истиқлоли давлатӣ буда, сатҳу сифати таъмини хизматрасонии аэронавигатсиониро дар фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардошт.

Такмили донишу малакаи танзимгарони ҳаракати ҳавоии корхона таҳти таваҷҷуҳи роҳбарият буда, барои бозомӯзии онҳо шароти зарурӣ муҳайё гардидааст. Тадрибгоҳҳои замонавӣ ва синфхонаҳои омӯзишӣ ба ин раванд мусоидат менамояд. Такмили ихтисоси танзимгарон дар муассисаҳои олии хориҷи кишвар қадами дигар дар таъмини фаъолияти танзимгарон мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ мебошад.

Тамоми танзимгарони ҳаракати ҳавоии КВД “Тоҷикаэронавигатсия”-ро бо иди касбӣ – Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ табрику таҳният гуфта, ба онҳо дар фаъолияти пурмаҳсул чусту чолокӣ ва муваффақиятҳои рӯзмарраро орзумандем!    

   

                                                                              Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”