Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

МУТОБИҚАТИ ХАДАМОТИ ИТТИЛООТИИ АЭРОНАВИГАТСИОНӢ БА СТАНДАРТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

МУТОБИҚАТИ ХАДАМОТИ ИТТИЛООТИИ АЭРОНАВИГАТСИОНӢ БА СТАНДАРТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
513

Чоп кардан

19-уми октябри соли 2024 дар доираи ҳамкории КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ва ширкати ҶСК “Монитор Софт”-и Федератсияи Россия таҷҳизоти Хадамоти Иттилооти Аэронавигатсионии НОТАМ васлу насб гардид.

Тибқи иттилои мутахассисон таҷҳизоти нави замонавии автоматикунонидашудаи системаи Хадамоти иттилоотии аэронавигатсионӣ дар дастгирии авиатсияи байналмилалии гражданӣ вазифаи муҳимро иҷро менамояд, аз ҷумла таъмини ҷараёни маълумоти аэронавигатсионӣ ва иттилооти аэронавигатсионӣ барои таъмини бехатарии амалиёт, мунтазам, камхарҷ ва самаранокии идоракунии глобалии системаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ дар заминаи устувори экологӣ.

Ҳамзамон мутахассисони ширкати мазкур оид ба истифодаи таҷҳизот корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом дода, бо кормандони хадамоти мазкури КВД “Тоҷикаэронавигатсия” мубодилаи афкор намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки ҳадафи роҳандозӣ намудани иқдоми мазкур аз ҷониби директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Лоиқ Бегиҷонзода ба ташкили махзани давлатии электронии иттилооти авиатсионӣ бо имкони ҷамъоварӣ, интиқол, коркард ва паҳн намудани иттилооти аэронавигатсионӣ дар шакли ягонаи электронии муқарраршуда, таъмини имконияти пешниҳоди иттилооти зарурӣ ва боэътимоди аэронавигатсионӣ аз махзани маълумотҳои давлатӣ ба ҳамаи истифодабарандагони фазои ҳавоӣ, амалӣ намудани гузариш аз хадамоти иттилоотии аэронавигатсионӣ (AIS) ба идоракунии иттилооти аэронавигатсионӣ (AIM) мутобиқи “Харитаи роҳ”-и стратегии тағйироти глобалӣ”-и ICAO, баланд бардоштани сифат ва васеъ намудани ҳаҷми иттилооти давлатии аэронавигатсионии нашршуда, ки барои минбаъд беҳтар намудани бехатарӣ, мунтазам ва самаранокии парвозҳо мувофиқи талаботи ҷорӣ ва ояндаи ICAO оид ба аэронавигатсия ва ташкили ҳаракати ҳавоӣ заруранд, гузариш ба формати рақамии маълумот ва ҳуҷҷатҳои электронии маълумотҳои аэронавигатсионӣ, таъмини мукаммалӣ, эътимоднокӣ ва мутобиқ будани маълумот дар махзани давлатии маълумотҳои аэронавигатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

     

                                                                                  Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”