Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ЧАРО БУЗУРГТАРИН ШИРКАТИ ҲАВОПАЙМОИИ ТУРКИЯ БАРОИ РОҲБАЛАДОН ҲАВЗИ БУЗУРГИ ШИНОВАРӢ СОХТ?

ЧАРО БУЗУРГТАРИН ШИРКАТИ ҲАВОПАЙМОИИ ТУРКИЯ БАРОИ РОҲБАЛАДОН ҲАВЗИ БУЗУРГИ ШИНОВАРӢ СОХТ?
237

Чоп кардан

Ҳавзи бузурги шиноварии болопӯшида дар шаҳри Истамбул комилан дар ихтиёри роҳбаладони ширкати ҳавопаймоии “Turkish Airlines” мебошад. Танҳо аъзои экипаж ва кормандон ба он дастрасӣ доранду ворид шудан ба шахсони бегона манъ аст. Вале ҳавзи мазкур барои истироҳат ё оббозӣ пешбинӣ нашудааст.

Ин ҳавз аз дарозии 19 метр ва паҳноии 12 метр иборат буда, дар Маркази таълимии ҳайати ҳавопаймоии ширкати “Turkish Airlines” ҷойгир аст. Танҳо дар ҳамин ҷо роҳбаладони ширкати ҳавопаймоии туркӣ қабл аз иҷозаи парвоз аз тамрин мегузаранд.

Ҳарчанд бисёре аз мусофирон ба хизматрасонии маъмулии роҳбаладон дар ҳавопаймо одат кардаанд, аммо вазифаи аввалиндараҷаи онҳо кафолати бехатарии мусофирон   маҳсуб меёбад. Яке аз унсурҳои чунин бехатарӣ — дар ҳолати фавқулодда зуд ба ҷойи бехатар гузаронидани мусофирон (эвакуатсияи) аз ҳавопаймо мебошад. Бо мақсади ба воқеият наздик гардидан омӯзиши мукаммал дар шароити садамавии ба об фуруд омадани ҳавопаймо мебошад.

Ҳарчанд фуруд омадан ба об дар соҳаи авиатсия ҳодисаи маъмулӣ нест, аммо роҳбаладон бояд ба ин ҳолат омода бошанд, зеро чунин ҳолат соли 2009, ки ҳавопаймои Airbus A320-и ширкати “US Airways” дар дарёи Ҳудсун (ИМА) фуруд омада буд рух додааст.  Маҳорати сарнишинон ва саривақт бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда интиқол додани мусофирон ба ҷойи бехатар имкон дод, ки ҳама наҷот дода шавад.

Зимни тамрин дар канори ҳавз ҳавопаймои сунъӣ (макет) гузошта шудааст, ки ҳангоми машғулият роҳбаладон дар дохили кабина мемонанд. Вақте ки ба онҳо фармоиши ба ҷойи бехатар интиқол додани мусофирон дода мешавад, бояд онҳо боварӣ дошта бошанд, ки кушодани дар бехавф аст ё не. Танҳо пас аз боварӣ ҳосил намудан ба ҳолати бехатарӣ мусофирон бо зинапояҳои махсуси резинӣ ба ҷойҳои бехавф интиқол дода мешаванд.

Ҳамчунин дар тарафи дигари ҳавопаймо зинапояҳои махсусе гузошта шудаанд, ки роҳбаладон тавассути онҳо ба ҷойи бехатари замин интиқол додани мусофиронро тамрин менамоянд.

Мавриди зикр аст, ки танҳо ширкатҳои бузурги ҳавопаймоӣ дорои чунин марказҳои омӯзишӣ мебошанд.

Ширкатҳои хурди ҳавопаймоие, ки наметавонанд чунин имкониятро таъмин намоянд, экипажҳои худро ба марказҳои таълимии ширкатҳои дорои чунин инфрасохтори заруридошта мефиристанд, то онҳо дар пешгирии чунин ҳолатҳои ба вуқуъомада тадбирҳои судманд андешанд.