Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ
267

Чоп кардан

Ширкати “Starlink” хизматрасонии Wi-Fi-ро дар аввалин ҳавопаймои Boeing 777-и ширкати “Qatar Airways”, ки аз Доҳа ба Лондон парвоз менамуд, оғоз кард.

***

Ду чиптаи аввалини ширкати хусусии кайҳонии чинии “Deep Blue Aerospace”  барои сафари кайҳонӣ, ки дар соли 2027 пешбинӣ шудааст, харидорӣ гардид.

***

Ширкати “Vietjet Air” дар доираи ҷадвали тирамоҳу зимистони худ барои солҳои 2024-2025 ифтитоҳи парвози мустақими мусофирбариро дар масири Фукуока – Остона пешбинӣ менамояд, ки дар як ҳафта ду маротиба амалӣ мегардад.

***

Ширкати ҳавопаймоии Қазоқистон “SCAT” оғози парвози мустақими мусофирбариро ба Камбоҷа тавассути хатсайрҳои Остона-Сиануквил ва Алмаато-Сиануквил роҳандозӣ намуд, ки аввалин парвоз аз Остона санаи 24-уми октябр амалӣ гардида, рӯзи парвоз аз Алмаато дар санаи 29-уми октябри соли 2024 ба нақша гирифта шудааст.

***

Аз 27-уми октябри соли 2024 ширкати “Smartavia” парвозро аз Терминали В ба Терминали D-и Фурудгоҳи байналмилалии Шереметево интиқол дод, ки парвози ба шаҳрҳои Санкт-Петербург, Екатеринбург, Қазон, Калининград, Махачқалъа, Мурманск, Новосибирск, Самара, Улан-Уде, Архангелскро дар бар мегирад.

***

Бинобар норасоии сӯзишворӣ ҳама парвозҳои чартерӣ байни Магадан ва конҳои Колима инчунин Чукотка лағв гардида, ҳанӯз маълум нест, ки вазъ кай  ба эътидол меояд.

***

Дар натиҷаи мушкилии молиявӣ ширкати ҳавопаймоии амрикоии “Spirit Airlines” қоҳиши ҷадвали парвоз, ихтисори ҷойҳои корӣ ва фурӯши 23 адад ҳавопаймоҳои A320-ро пешбинӣ менамояд, ки дар аввали соли 2025 ба нақша гирифта шудааст.

***

 Шурӯъ аз 29-уми октябр аз Павлодар ба Остона парвозҳои мунтазам оғоз мегардад, ки ҳафтае се маротиба роҳандозӣ мегардад.

***

Чанде қабл дар шаҳри Белгради Сербистон ширкатҳои “China Southern Airlines” ва “Air Serbia” Ёддошти тафоҳумро имзо намуданд, ки ба таҳкими шарикӣ ва омӯхтани самтҳои васеътари ҳамкорӣ барои қонеъ намудани талаботи афзояндаи сафар ба мусофирон равона шудааст.

***

(Манбаъ: AVIA.RU, Aviation Explorer, Aviation Source News, https://news.mail.ru/tag/306/, China Southern Airlines)