Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ЧИН АВВАЛИН САЁҲАТРО БА КАЙҲОН РОҲАНДОЗӢ МЕНАМОЯД

ЧИН АВВАЛИН САЁҲАТРО БА КАЙҲОН РОҲАНДОЗӢ МЕНАМОЯД
397

Чоп кардан

Ду чиптаи аввалини ширкати хусусии кайҳонии чинии “Deep Blue Aerospace” барои сафар ба кайҳон, ки дар соли 2027 пешбинӣ шудааст, харидорӣ гардид, иттилоъ медиҳад “Prime” бо истинод ба нашрияи Ҳонгконг “South China Morning Post”.

Ширкат дар пахши мустақими мағозаи онлайнии чинӣ “Taobao” ду чиптаро бо арзиши 1,5 миллион юан, ки арзиши 210 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ба фурӯш гузошт, ки онҳо дар чаҳор дақиқа харидорӣ шуданд. Фурӯши якчанд чиптаҳои дигар дар моҳи оянда пешбинӣ мегардад.

Бо мақсади амалӣ намудани нақшаи мазкур ширкати “Deep Blue Aerospace” роҳандозии даҳҳо парвози озмоиширо дар ду соли оянда пешбинӣ менамояд, то ин ки бехатарӣ ва эътимоднокии парвозҳои кайҳонӣ пеш аз оғози расмии сайёҳии кайҳонӣ таъмин гарданд.

Парвоз аз космодром оғоз мегардида, ки хати Кармен (100 километр аз сатҳи баҳр)-ро убур намуда, тақрибан 10-15 дақиқаро дар бар мегирад. 

Дар ин раванд талабот нисбат ба мусофирон дар муқоиса ба парвози маъмулӣ фарқкунанда буда, синну соли мусофирон бояд аз 18 то 60 сола бошанд. Ҳамзамон назорат ва талабот ба солимии онҳо низ ҷиддӣ роҳандозӣ мегардад.

   
                                                                                                                                                                      АКС аз манбаъҳои боз