Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ИХТИРОЕ, КИ МУАММОҲОИ БАҒОҶРО КОҲИШ ДОД

ИХТИРОЕ, КИ МУАММОҲОИ БАҒОҶРО КОҲИШ ДОД
255

Чоп кардан

Мусофирон тавассути тирезаҳои терминали фурудгоҳ дар паҳлӯи ҳавопаймо қуттиҳои махсусгардонидаи (контейнер)-и металлии шакли аҷибро мебинанд. Ин ихтироъ дар авиатсия дар асри 20 дар даврони ҳавопаймоҳои реактивӣ дар якҷоягӣ пайдо шуд, ки на танҳо кори ширкатҳои ҳавопаймоиро осон, балки ҳодисаҳои дуздии бағоҷи мусофиронро низ бамаротиб коҳиш дод.

Дар аввал бағоҷ ва борҳо дар қисмҳои бағоҷи ҳавопаймоҳо ҷойгир карда мешуданд, аммо ин усул муҳлати интиқоли борро аз ҳавопаймоҳо ва ба ҳавопаймо  дароз кард. Илова бар ин, бархе аз хизматгузорони боркашонӣ ҳангоми интиқоли ашё аз қисмати бағоҷ, ки камераҳои назоратӣ он ҷо мавҷуд нест молу ашёи мусофиронро ба яғмо мебурданд. 

Контейнерҳои авиатсионӣ барои ширкатҳои ҳавопаймоӣ наҷоти воқеӣ гардида, ба раванди интиқоли бор метавонанд суръат бахшанд. Ин ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ имкони сарфаи вақти ҳавопаймоҳоро дар фурудгоҳ коҳиш дода, амали намудани парвозҳои бештарро дар давоми рӯз фароҳам меорад.

Сарфаи вақт дар он мебошад, ки пеш аз фуруд омадани ҳавопаймо бағоҷҳо  дар контейнерҳо ҷойгир кардашуда, баъдан ба ҳавопаймо тавассути лифтҳои махсус  равон карда  мешавад.

Шакли ғайриоддии контейнерҳо бо хусусияти сохтории ҳавопаймо алоқаманд буда, имкон ба он  медиҳад, ки ҳаҷми қисмҳои бағоҷи ҳавопаймоҳо самараноктар истифода шавад.

Ҳамчунин афзалияти контейнерҳои иловагӣ ба кам шудани  шикояти мусофирон ҳангоми парвоз дар бораи вайроншавӣ ё дуздии бағоҷ мусоидат намуд.