Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

МУБОДИЛАИ ТАҶРИБА ДАР НИЗОМИ МЕНЕҶМЕНТИ СИФАТ

МУБОДИЛАИ ТАҶРИБА ДАР НИЗОМИ МЕНЕҶМЕНТИ СИФАТ
405

Чоп кардан

Мулоқоти кории мутахассисони Низоми идоракунии бехатарии парвозҳо ва Низоми менеҷменти сифати КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ва КВД Маркази “Узаэронавигатсия” дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Ҳангоми сафари кории худ аз 29-ум то 30-юми октябри соли 2024 мутахассисони Раёсати Низоми идораи бехатарии парвозҳо ва Низоми менеҷменти сифати КВД Маркази “Узаэронавигатсия” ба КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ташриф оварда, бо мутахассисон ҷиҳати табодули таҷриба дар самти низоми менеҷменти сифат ва системаи идоракунии бехатарии парвозҳо вохӯрӣ ва музокироти судманд доир намуданд.

Ҳангоми боздид меҳмонон бо тартиботи роҳандозии низоми менеҷменти сифат ва низоми идоракунии бехатарии парвозҳо дар КВД “Тоҷикаэронавигатсия”, тартиб ва ҳуҷҷатҳои маҳаллӣ оид ба низоми менеҷменти сифат ва идоракунии бехатарии парвозҳо, ки дар фаъолияти истеҳсолии корхона амалӣ мегардад аз наздик шинос гардида, оид ба гузаронидани аудити дохилии системаи идоракунии сифат дар корхонаҳо мубодилаи таҷриба намуданд. Дар доираи мулоқоти тарафайн аудити дохилии идоракунии сифат дар соҳаи дастгирии радиотехникии парвозҳо низ гузаронида шуд.

Ёдовар бояд шуд, ки вохӯрии мазкур дар доираи Ёддошти ҳамкории КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ва КВД Маркази “Узаэронавигатсия” роҳандозӣ гардидааст, ки санаи 13-уми августи соли 2024 аз ҷониби директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Бегиҷонзода Лоиқ Бегиҷон ва директори КВД Маркази “Узаэронавигатсия” Джумаев Дониёр Ибрагимович ба имзо расида буд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ мутахассисони ҳарду ҷониб омодагии худро барои ҳамкориҳои судманди минбаъда ҷиҳати рушди низоми менеҷменти сифат ва низоми идоракунии бехатарии парвоз изҳор намуданд.

                                                                                Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”