Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

5-УМИН ВОХӮРИИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ КВД “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ” ДАР ЧИН

5-УМИН ВОХӮРИИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ КВД “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ” ДАР ЧИН
549

Чоп кардан

Санаи 29-уми октябри соли 2024 5-умин вохӯрии ҳамоҳангсозии системаҳои алоқа, навигатсия ва назорат барои идоракунии ҳаракати ҳавоӣ (CNS/ATM)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Урумчӣ кори худро оғоз намуд. Чорабинии мазкур бо иштироки ҳайати КВД “Тоҷикаэронавигатсия” таҳти роҳбарии директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Лоиқ Бегиҷонзода  ва намояндагони воломақоми Бюрои ташкили ҳаракати ҳавоии Маъмурияти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.  

Ҳадафи чорабинии мазкур бо дарназардошти дастовардҳо ва натиҷаҳои қаблии ду кишвар, таҳкими робита ва ҳамкории дуҷониба дар соҳаи CNS/ATM ва мусоидат ба ҳамоҳангсозии амалиёти ҳаррӯзаи идоракунии ҳаракати ҳавоӣ, дастгирии техникӣ, идоракунии ҷараёни ҳаракати ҳавоӣ ва ҳамкори дар соҳаи хизматрасонии метеорологии авиатсионии байни ду корхонаи таъминкунандаи хизматрасонии аэронавигатсионӣ мебошад.

“Муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманд байни кишварҳои мо пайваста таҳким ва рушд ёфта, хусусияти шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ пайдо намуд. Қобили зикр аст, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз бузургтарин сармоягузорон ва шарикони тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Си Ҷинпинро дар бораи эҳёи фазои иқтисодии Роҳи бузурги абрешим ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд”, - қайд намуд бо ёдовари аз ҳамкории пурсамар, рушд ва таҳкими ҳамкории дуҷониба, инчунин ифтитоҳи  долони нави ҳавоӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин Лоиқ Бегиҷонзода.

Дар муаррифии дастовардҳои хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ директори генералии Бюрои ташкили ҳаракати ҳавоии Синзяни Маъмурияти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Мардумии Чин  изҳори умед намуд, ки  ҳамкориҳои минбаъда бо КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар пешниҳоди хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ ва радиотехникии парвозҳои Чин ва Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Дар идомаи вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкорӣ дар таъмини хизматраоснии аэронавигатсионӣ тавассути долони нави ҳавоии POMIR-AGVUT баррасӣ гардид. Ёдовар бояд шуд, ки чорабинии мазкур то санаи 1-уми ноябр идома хоҳад ёфт.  
 
                                                                               Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”