Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

КОНСТИТУТСИЯ-САНАДИ МУҚАДДАСУ ТАҚДИРСОЗИ МИЛЛАТ

КОНСТИТУТСИЯ-САНАДИ МУҚАДДАСУ ТАҚДИРСОЗИ МИЛЛАТ
377

Чоп кардан

Ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба 30-солагии Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон дар КВД “Тоҷикаэронавигатсия” баргузор гардид.

Дар он ҳайати коллективии корхона бо даъвати Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувватзода Фотеҳ Ҷумъа иштирок намуданд. 

Ҳозиринро муовини директори генералӣ Саидзода Р. Қ. аз номи директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Бегиҷонзода Лоиқ Бегиҷон бо ин санаи таърихӣ табрик намуда, номаи табрикиро ироа намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст: “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъминкунандаи ҳайёти осуда дар кишвар буда, дар асоси ислоҳоти конститутсионие, ки бо изҳори иродаи якдилонаи кулли мардум тавассути райъпурсии умумихалқӣ давра ба давра гузаронида шуд, парламентаризми миллӣ рушд кард. Инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эълон гардид, асосҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ҳамчун самтҳои калидии рушди давлат такмил ёфта, қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ боз ҳам дар ҷомеа устувор гардид”.

Муовини директори генералӣ Саидзода Р. Қ. таъкид намуд, ки Конститутсияи феълии амалкунандаи кишвар, дар муқоиса ба дигар конститутсияҳои собиқ аввалин шуда асосҳои сохтори сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварро пурра дар шакли нав муқаррар намуд. Он роҳи минбаъдаи инкишоф ва пешрафти ҷомеаи навини Тоҷикистонро на танҳо дар ҷумҳурӣ балки дар арсаи ҷомеаи мутамаддин муайян сохт.

Ҳамзамон Қувватзода Фотеҳ Ҷумъа аз таърихи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои аввали таъсисёбӣ ва соҳибистиқлолии кишвар, ки нақши Пешвои муаззами миллат дар таъмини волоияти қонун ва таъмини озодии шаҳрвандон, ки дар ҷомеаи имрӯзи давлат бемисл аст ёдовар шуд. Зикр намуд “Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ дар миёни вазифаҳои мафкуравию муассисӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ аз ҳама бештар вазифаи муқаддастарин, яъне муттаҳидгардонии давлат, ҷомеа ва халқи тоҷикро иҷро намуд. Конститутсия дар давраи ноороми таърихӣ ба маркази ҳаракатдиҳандаи қувваҳои солим табдил ёфта, фарҳанги сулҳи тоҷиконро поягузорӣ ва дар амал татбиқ намуд, ки чунин қувваҳои созанда ҳамчун санади муҳимми ҳуқуқӣ ба амалӣ шудани ҳадафҳои созандаи пешрафти давлат замина гузоштанд”.

 

Зимни суханронии худ сармутахассиси маркази матбуот Фирӯз Боязитов  қайд намуд, ки  “То имрӯз дар самти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ватани азизамон дигаргуниҳои куллӣ ба вуқуъ омада истодааст, ки ҳамаи онҳо бешак аз самараи ин шиносномаи миллати тоҷик сарчашма мегиранд. Дар он як қатор арзишҳои бузурги миллию демократии сохтори конститутсионӣ ба монанди: соҳибихтиёрӣ, мустақилият, давлати ҳуқуқбунёд, ҳокимияти халқӣ, волоияти қонун, бисёрҳизбӣ, эътирофи шахсият ва арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои он, таҷассум ёфтааст”.

        

“Ҷашни 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо як рамзи ёдбуди таърихӣ аст, балки имконияти хубест барои баҳогузории дастовардҳои давлати миллӣ ва муайян намудани самтҳои рушди ояндаи кишвар. Ин ҷашн фурсатест барои таҳкими ҳамбастагии миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои ҳуқуқӣ ва бознигарии нақши Конститутсия дар рушди устувори ҷомеа” – ибрози андеша намуд раиси Иттифоқи касабаи КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Исроил Нуралиев.

                  

Ҳамзамон сардори Раёсати кадрҳо ва меҳнати корхона Кароматулло Саидов ба сухан баромада ишора бар он намуд, ки “Конститутсия истиқлоли давлатиро ба расмият дароварда, дурнамои рушди ҷомеаи навинро муайян ва бунёди ҳуқуқиеро ба вуҷуд овард, ки он минбаъд ҳам метавонад ягонагии сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистонро таъмин намояд. Маҳз Конситутсия ба мо имкон дод, ки мо имрӯз дар ҷомеаи феълӣ озодона кору фаъолият намоем. Бо мақсади ҳифзи истиқлоли озодӣ, амнияти ҷомеа, таъмини суботи сиёсӣ мо бояд муттаҳиду сарҷамъ буда, насли наврасро дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтирому посдории рукнҳои давлатӣ тарбия намоем”. Инчунин таъкид бар он дошт, ки эҳтиром, риоя ва иҷрои қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Конститутсия, дар фаъолияти рӯзмараи КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ҳамеша ба таври зарурӣ ба роҳ монда шуда, бо мақсади баланд бардоштани донишу малакаи касбии кормандон тибқи нақшаи корхона Хонишҳои идоравӣ ва маҳфилҳои ҳуқуқӣ пайваста  роҳандозӣ мегарданд, илова бар ин ҳар як корманд дар иҷрои вазифаи худ ҷавҳари маърифати ҳуқуқии миллатро, ки аз Конститутсия сарчашма гирифтааст ва ба таҳкими равандҳои неки ҷамъиятӣ пайванд мебошад, асоси фаъолияти ҳамегии худ меҳисобанд. Имрӯз инсони дорои маърифати ҳуқуқидошта қодир аст, ки бо дарки моҳият ва азхуд намудани қонунҳои амалкунанда ҳуқуқ ва манфиатҳояшро пуштибонӣ намояд ва ин ҳолат хоси давлати муосири демокративу ҳуқуқбунёд мебошад.

     

                                                                              Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”