Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

САФАРИ РАСМӢ БА ДАВЛАТИ КУВАЙТ

САФАРИ РАСМӢ БА ДАВЛАТИ КУВАЙТ
228

Чоп кардан

3 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди Давлати Кувайт шуданд.

Дар толори махсуси фурудгоҳи байналмилалии амирии пойтахти ин кишвар - шаҳри Ал-Кувайт Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Амири Давлати Кувайт Шайх Мишъал Ал-Аҳмад Ал-Ҷобир Ас-Сабоҳ  ва Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ Ал-Холид Ал-Ҳамад Ал-Муборак Ас-Сабоҳ истиқбол гирифтанд.

Барои пазироии меҳмони олимақом дар фурудгоҳи Ал-Кувайт, ҳамчунин намояндагони воломақоми ин кишвар, ашхоси аршади Девони Амирӣ ва роҳбарияти олирутбаи Горди амирӣ ҳузур доштанд.

Маросими истиқболи расмӣ бахшида ба сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт дар толори бузурги амирии фурудгоҳи байналмилалии Ал-Кувайт баргузор шуд.

Баъди пазироии гарму самимии меҳмони олимақом Амири Давлати Кувайт Шайх Мишъал Ал-Аҳмад Ал-Ҷобир Ас-Сабоҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват намуданд.

Ба ин муносибат дар толор ҷузъҳои горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои нафасии амирӣ ва ҳайатҳои расмии ду ҷониб саф оростанд ва сурудҳои миллии ду кишвари дӯст садо дод.

Сипас фармондеҳи горди фахрии амирӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузориш дод.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлати Тоҷикистон ва Амири Давлати Кувайт бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб шинос шуданд.

Шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ҳар ду кишвар анҷомбахши маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардид.

 

3 ноябр дар Қасри Девони Амир мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Кувайт дар вохӯрии хосаи сарони давлатҳо оғоз шуда, бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт.

Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст, барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ, иштирок дар Конфронси сатҳи баланд ва барои истиқболи бародаронаву меҳмонавозии самимӣ ба Амири Давлати Кувайт Шайх Мишъал Ал-Аҳмад Ал-Ҷобир Ас-Сабоҳ арзи сипос намуданд.

“Мо Давлати Кувайтро шарики боэътимоди худ дар минтақа ва ҷаҳон медонем ва омодаем, ки барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳо бо он тадбирҳои муштараки амалӣ андешем”- изҳор доштанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ҷонибҳо аз сатҳу муҳтавои имрӯзаи муносибатҳои ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Зимни суҳбат таваҷҷуҳи зиёд ба тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ  зоҳир гардид.

Дар ин робита бештар фаъол намудани Комиссияи муштараки миёниҳукуматӣ, таъсис додани Шӯрои соҳибкорони ду кишвар ва Фонди муштараки сармоягузорӣ зарур шумурда шуд.

Баргузории анҷуманҳои соҳибкорон ва намоишгоҳҳои молу маҳсулот низ ба нафъи ду кишвар дониста шуд.

Ба давлати Кувайт барои саҳмгузории Фонди кувайтӣ оид ба рушд дар маблағгузории лоиҳаҳои муҳими Тоҷикистон дар самтҳои роҳсозӣ, энергетика ва обрасонӣ изҳори сипос карда шуд.

Ҷалби сармояи кувайтӣ ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои саноати сабук, хӯрокворӣ, металлургия, кишоварзӣ ва дорусозӣ аз мавзуъоти дигари суҳбат буд.

Ҷонибҳо барои тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталифи фарҳангиву башарӣ низ изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, илму маориф, тандурустӣ аз самтҳои ояндадори муносибатҳои ду кишвар унвон гардид.

Зимни баррасии масоили иҷтимоӣ Амири Давлати Кувайт, аз ҷумла изҳор доштанд, ки аз сиёсати босамари Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии бонувон  ва баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа бохабаранд ва онҳо низ дар Кувайт ҳамин сиёсатро пеш гирифтаанд ва аз миёни хонумон чандин нафарро ба вазифаҳои роҳбарӣ дар умури давлатӣ таъин намудаанд.

Ба имзо расидани Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба танзими қувваи корӣ дар бахши хусусӣ дар ҳошияи музокироти имрӯза барои ҷонибҳо судбахш номида шуд.

Зимни баррасии ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ба давлати Кувайт барои дастгирӣ аз иқдомоти ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим арзи сипос карда шуд.  Изҳори умед карда шуд, ки кишвари дӯст аз қабули Қатъномаи Созмони Милал аз рӯи пешниҳоди Тоҷикистон оид ба “Даҳсолаи сулҳ барои наслҳои оянда” ҳам ҷонибдорӣ мекунад.

Бо назардошти хавфу таҳдидҳои замони муосир ба амну субот масъалаҳои муқовимат ба терроризм ва ифротгароӣ мавриди таваҷҷуҳи ҷиддӣ қарор дошт.

Дар интиҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Амири Давлати Кувайт даъват намуданд, ки дар вақти барояшон муносиб ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёранд.

 

Дар шаҳри Ал-Кувайт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ Ал-Холид Ал-Ҳамад Ал-Муборак Ас-Сабоҳ мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ маҷмӯи масоили муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба баррасӣ шуд.

“Мо ба рушди бештари робитаҳои густурда бо кишвари дӯсту бародар – Кувайт таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамоем”, - изҳор доштанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.  

Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Кувайт дар татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ барои ҳарду ҷониб судбахш имкониятҳои зиёди ҳамкорӣ доранд.

Ҷалби сармояи кувайтӣ дар Тоҷикистон барои ба роҳ мондани содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва оби нӯшокӣ ба Кувайт ҳам ба манфиати кор дониста шуд.

Баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, конфронсҳои илмиву амалӣ, табодули донишҷӯён ва устодон, барқарор намудани тамосҳо миёни муассисаҳои илмӣ ва таҳсилотии ду кишвар изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз қарори Ҳукумати Кувайт доир ба ифтитоҳи сафорати ин кишвар дар Тоҷикистон, ки аз ҷониби Валиаҳди давлат иброз гардид, истиқбол намуданд.

Гуфтугӯи судманд ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб сурат гирифт.

 

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ Ал-Холид Ал-Ҳамад Ал-Муборак Ас-Сабоҳ маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.

Барои таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ дар маҷмуъ 9 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Аз ҷумла 5 санади он дар ҳузури Сарони давлатҳо ва 4-тои дигар дар ҳошияи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Кувайт:

- Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба танзими қувваи корӣ дар бахши хусусӣ;

- Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷи Давлати Кувайт;

- Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкории тиҷоратӣ;

- Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат;

- Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба “Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирии саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя”;

- Созишнома оид ба ҳамкорӣ миёни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” ва Агентии иттилоотии Давлати Кувайт “Kuna”;

- Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;

- Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия;

- Барномаи иҷроияи Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ барои солхои 2024-2026.

 

3 ноябр дар шаҳри Ал-Кувайт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муовини якуми Сарвазир, вазири мудофиа ва вазири корҳои дохилии Давлати Кувайт Шайх Фаҳд Юсуф Сауд ас-Сабоҳ мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ масоили таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманди ду кишвар баррасӣ гардид.

Ҷонибҳо аз сатҳи муносиботи сиёсӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, онро заминаи мусоид барои таҳким ва густариши ҳамкорӣ дар ҳама бахшҳои дигар маънӣ доданд.

Иштироки доираҳои молиявӣ ва сармоягузории Кувайт дар татбиқи Лоиҳаҳо дар бахшҳои воқеии иқтисоди мо, аз ҷумла саноати сабук, коркарди маъдан ва маҳсулоти кишоварзӣ самти ояндадори ҳамкории ду кишвар номида шуд.

Ҳар ду ҷониб алоқаманди ба роҳ мондани робитаҳо дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ шуда, имзои Ёддошти тафоҳум оид ба танзими қувваи корӣ дар бахши хусусиро санади муҳими ҳамкорӣ дар ин соҳа маънӣ доданд.

Баргузории Конфронси  байналмилалӣ - марҳилаи кувайтии “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм” иқдоми муҳим дар самти таъмини амну субот арзёбӣ гардид.

Дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар хатарҳои ҷаҳони мосир ҳамчунин тақвияти ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Кувайт зарур шумурда шуд.

 

3 ноябр дар шаҳри Ал-Кувайт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Абдуллоҳ Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ Ал-Яҳё мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд.

Ба саҳми Фонди кувайтии рушд дар татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузории Тоҷикистон баҳои баланд дода шуд.

Таъкид гардид, ки ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои фарҳанг ва илму маориф тавсеа меёбад.

Зимни муҳокимаи масоили байналмилалӣ ва минтақавӣ аз ҳамкории судманди Тоҷикистону Кувайт дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории исломӣ, Муколамаи ҳамкории Осиё ва ғайра изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки кишварҳо оид ба аксари масъалаҳои рӯзномаи байналмиллалӣ ва минтақавӣ мавқеъҳои наздик ва ё ҳамсон доранд.

Ҳарду ҷониб ба татбиқи босамари ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар масъалаҳои обу иқлим изҳори алоқамандӣ карданд.

Сарвари давлати мо ба ташаббуси Тоҷикистон, ки дар иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии СММ доир ба қабули қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълони Даҳсолаи «Таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда» пешниҳод гардид, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.

Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мубрами мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб сурат гирифт.

 

4 ноябр дар шаҳри Ал-Кувайти Давлати Кувайт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалӣ оид ба мубориза бо терроризм ва эҷоди механизмҳои самараноки амнияти сарҳадӣ - марҳалаи кувайтии “Раванди Душанбе” иштирок ва суханронӣ намуданд.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҳамоишро омили муассири тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар хавфу хатарҳои амниятӣ номиданд.

Таъкид гардид, ки конфронси имрӯза ба миқёс ва таъсири Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он тавсеаи бештар хоҳад бахшид.

“Ин ҳамоиш, бешубҳа, ба ҳамоҳангӣ ва тақвияти ҳамкорӣ дар сатҳи байналмилалӣ, алалхусус миёни кишварҳо ва минтақаҳои Осиёи Марказӣ, Гурӯҳи кишварҳои арабӣ, Африқо ва Ассотсиатсияи давлатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ мусоидат менамояд”- изҳор доштанд Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Гуфта шуд, ки Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори “Раванди Душанбе” бори дигар уҳдадориҳои худро ҷиҳати ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони байналмилалӣ тасдиқ мекунад.

Президенти Тоҷикистон таваҷҷуҳи иштирокдорони конфронси сатҳи баланди байналмилалиро ба масъалаҳои паҳн шудани ғояҳои тундгароӣ, барангехтани кинаву адоват ва низоъҳои мазҳабӣ дар ҷомеа ва даъвати ҷавонон ба содир намудани ҷиноятҳои террористӣ ҳамчун аслиҳаи воқеии созмонҳои террористиву ифротӣ ҷалб намуданд.

Зарур шумурда шуд, ки масъулону коршиносон ин мавзӯъро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, барои ҳалли онҳо тадбирҳои муассир андешанд.

Президенти кишвари мо таъкид намуданд, ки барои пешгирӣ аз ифротгароӣ, хусусан дар байни ҷавонон, зарурати роҳандозии иқдомҳои хосса ба миён омадааст.

Роҳбари давлати мо нақши бозомӯзӣ дар самти фанновариҳои нав барои таҳкими иқтидори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти иктишофӣ тавассути омӯзиш ва дастгирии техникиро басо муассир номиданд.

Таъкид шуд, ки вусъат пайдо кардани терроризм, ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ, чун пештара, ба амнияти байналмилалӣ таҳдид мекунад.

Вобаста ба ин, зарур шумурда шуд, ки дар баробари мубориза бо ин таҳдидҳо, инчунин, ҳамоҳангии тадбирҳои кишварҳо барои таҳкими сулҳу субот ва амният тақвият дода шавад.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдории Тоҷикистонро аз қабули Конвенсия оид ба мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ таъкид намуданд. Зарур дониста шуд, ки раванди музокирот дар ин хусус ҳарчи зудтар ба итмом расонда шавад. 

Дар робита ба таҳкими иқтидори таъмини амнияти сарҳади давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор доштанд, ки “кишвари мо дар ҳамкорӣ бо шарикони худ барои эҷоди механизмҳое, ки ба пешгирӣ кардани қочоқи аслиҳа, маводи мухаддир ва маблағгузории терроризм мусоидат мекунанд, саҳм мегузорад”.

Таъкид гардид, ки кишвари мо иштирокдори фаъоли муколамаи ҷаҳонӣ оид ба амният дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад ва дар асоси таҷрибаи андӯхтаи худ дар мубориза бо хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ Стратегияи мубориза бо терроризм ва ифротгароиро барои солҳои 2021-2025 татбиқ карда истодааст.

Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар доираи амалисозии ин стратегия, Ҳукумати Тоҷикистон дар миёни дигар дастовардҳои назаррас, инчунин, дар самти беҳбуди механизми пешгирӣ аз ифротгароиву тундгароӣ ва баланд бардоштани нақши соҳаи маориф ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба пешравӣ ноил гардидааст.

Президенти кишвар мусоидат ба таъмини сулҳу суботи пойдор ва ҳаёти осоишта дар паҳнои оламро яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати хориҷии давлати мо номида, аз пешниҳоди худ дар иҷлосияи 79-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати қабули қатъномаи махсус оид ба эълон кардани “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” ёдовар шуданд.

Дар фароварди сухан Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори имтинон намуданд, ки марҳалаи кувайтии Конфронси “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он” ба ҳарчи бештар фаъол гардидани талошҳои дастҷмъонаи кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ дар соҳаи мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ мусоидат хоҳад кард.

 
                                                                                               https://prezident.tj/